Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

шуд. Ду пояшро ба танаи арча ниҳода дароз кашид. «Эҳ, агар ин мӯйсафеди аблаҳ монеъ намешуд, ин заминро соҳиб мешудам. Он вақт кӣ ҳад дошт, ки Носирро ту гӯяд. Он гоҳ парандаю чарандаи ин ҷо дар фармонам буд. Чӣ қадар пул сарф кардам, киҳоеро восита накардам. Дар ҳама ҷо мӯйсафед халал расонд. Оқибат номам ба шикордуздӣ баромад. Аммо ман аз ун мегуфтагиҳои ӯ не. Агар аз ин ҷангал наронамаш, номам Носир набошад!»
Мӯйсафеду шогирдаш ҳамоно ҷангалро тагорӯ доштанд.
Дар осмон ду-се боша нарм болафшонӣ мекарданд. Қуллаи кӯҳ дар ҳалқаи талу теппаҳо мисли чанори азиме метофт. Аз болои сар селаи кабк парида гузашт. Носир надид, онҳо куҷо нишастанд. Вай гардани каҷашро ба чапу рост тофта ба атроф зеҳн монд. Ногаҳ нигоҳаш зери шохаҳои бурси наздик ба кабку чӯҷаҳояш афтид, ки хокбозӣ доштанд. Кабк бехабар аз ҳузури одам чӯҷаҳояшро зери теф медароварду мебаровард, роҳат мекард, садоҳои аҷиб мезад. Вуҷуди Носири гарданкаҷро ҳирс фаро гирифт. Камонро бардошт, аммо ногаҳ ба ёдаш зад, ки ҷангалбонҳо ӯро мекобанд, аз нияташ гашт.
Каме сабр мекунам, то рафтани ин аблаҳон. Ҷамолу Саид дар ҳамин наздикиҳо мегаштанд, вале аҷиб ин буд, ки ба ҷои нишасти ӯ наздик намешуданд, гӯё касе намегузошт, Носирро аз чашми онҳо пинҳон медошт. Садои по ва овози гуфтугӯи ҷангалбонҳо гоҳ наздик меомаду гоҳе дур мерафт. Яке андаруни ӯ исён дошт, ором нишастан намегузошт, садои «гуфтугӯи» кабку чӯҷаҳояш ба оташи ҳирсу ҳавасаш равған мерехт. «Аз ин чӯҷаҳо бояд ду-сето дорам» азм кард вай. Ва бо ин ният анбону камонашро андаруни шохаҳои бурс монда, худ синамол ҷониби кабк хазид. Монанди гурба ба кабк наздик мешуд. Ба нишебӣ расид. Камтараки дигар монда буд, ки ба чӯҷаҳо бирасад. Дарк кард, ки аз миёнаи сангҳои лағзонак гузаштан осон нест. Аммо Носир аз онҳое набуд, ки аз нимароҳ баргарданд. Бо эҳтиёт ба рӯи сангҳо по гузошт. Вале ногаҳ пояш лағжид ва якбора дасташ аз санг канда шуд, пуштнокӣ ба партгоҳи бетаг афтид.
Фарёди ҷонкоҳи одам, ки ба талу пуштаҳо ва саранҷом ба синаи кӯҳҳо бархӯрдаву акс дода буд, парандаву чарандаҳои

пешина
аз 193
навбатӣ