Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҷангалро як он ба сукут водошт. Кабку чӯҷаҳояш низ даме аз хокбозӣ бозистоданд. Кабк гардан ёзида ба давру бар нигарист ва дар ҳамон ҳол хеле истод. Чун дид, хатаре нест, бозпас ба кораш идома дод.
Ҷамол фарёди ҷонкоҳро шуниду бовараш наомад, ки Носир бошад.
– Акаи Саид, биё, чуқурии арчазорро бинем. Хаёлам, ба Носир чӣ воқеае рӯй дод.
Бобои Саид нобоварона китф ба ҳам кашида ба ҷарӣ наздик омад.
Диданд, ки дар умқи ҷар болои сангҳо ҷасади беҷони Носир хобидааст. Мӯсафед як оҳи бадарде кашида нигоҳи рамуздорашро ба шогирдаш дӯхт.
– Ана, оқибати шикордузд, охир уболи ҷонварон Носирро ҳалок кард. Хайр, чӣ илоҷ, ба деҳа хабар додан даркор.
Бобои Саиду шогирдаш ба роҳи омадаашон қафо гаштанд…
Ин дам сояи домони кӯҳҳо дар ҳалқаи офтоб печутоб хӯрду ҷангал ба сукути асрорангезе фурӯ рафт.

САНГОВДАВАК

Санговдавак, санги ту ку?
Айилу пуштанги ту ку?
Ҷӯраи бенанги ту ку?
Ақли таги санги ту ку?

Санговдавак дар канори дарёча, ки дар соҳилаш ҳамагӣ дусе ниҳоли тут ва як арчаи худрӯй боқӣ монда буд, мезист. Имсол дар аввали сардиҳо, зимистон надаромада ҳамроҳонаш ба кишварҳои гарм парвоз карданд. Нарафт, тани танҳо монд.
Рӯзи видоъ, вақте ки селаи санговдавакҳо парвозкунон дур мешуданд, ба чирик-чирики онҳо эътибор надод. Парандаи сода он замон оқибати ин амалашро фикр накард.
Гумон дошт, ки табиати зебои ин мавзеъ ӯро мехӯронаду албатта, аз сардӣ ҳам ҳифзаш мекунад. Аммо имрӯз ба ҳамон

пешина
аз 193
навбатӣ