Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Навакак вафодор ҳамин ҷо буд, хӯрок мехӯрд. Хостам ҳамроҳаш сайр равам...
Падарам наздик омада, ба табақи нимхолии вафодор нигоҳ карду оҳи сарде кашид:
– Ба сагат чӣ хел хӯрок додӣ?
– Камтар хӯроки гарм... – аз суоли падар ҳайрон шудам ман.
– Ин чӣ кори кардагиат?! Дониста мон, ки ба ҷонварон ҳеҷ гоҳ хӯроки гарм намедиҳанд, фаҳмидӣ?
– Барои чӣ? О, ана, нисфашро хӯрдааст-ку.
Падарам дид, ки ман хиҷолат кашидам, бо овози нарм фаҳмонд:
– Меъдаю рӯдаи ҳайвонот, бахусус сагу гурба, хеле нозуканд. Ба онҳо танҳо хӯроки хунук додан даркор. Нигоҳубини саг муносибати хосаро талаб мекунад. Сагҳо доною рамузфаҳманд. Ана, рафта бин, ҳоло сагатро дар миёни алафзор меёбӣ!
Ман ба марғзори назди деҳа рафтам. Бинам, гапи падарам дуруст будааст. Вафодор миёнаҷои алафзор ғелида-ғелида, вингос мезаду сонӣ аз алафҳои шулхаву бубанак мехӯрд.
Алафхӯрии сагро дидаму ҳуш аз сарам парид. Саг ба ман эътибор надода, алаф мехӯрд. Сонӣ ба наздам омад. Бо меҳрубонӣ фукашро ба пойҳоям молид, гӯё мегуфт: «Ҳеҷ гап не, дидӣ, ман нағз шудам...» Ба ҳавлӣ баргаштем. Падарам синчакунон ба вафодор нигоҳ карда гуфт:
– Саги доно будаст, аллакай алафи доругиро ёфта, худро табобат кард.
– Дадаҷон, охир саг аз куҷо медонад, ки кадом алаф ба вай даво мешавад?
– Ҳамаи ҷонварон хусусияти шифоии гулу буттаҳоро нағз мефаҳманд, ҳатто аз одам бештар. Чунки ҳисси бӯйфаҳмии онҳо ниҳоят тез аст. Гулу буттаҳои доругиро аз бӯяшон ёфта, мехӯранд.
Солҳои зиёде сипарӣ гаштанд. Аммо нақши нахустин сагчаам, дӯсти вафодорам ҳоло ҳам пеши назарам ба ҷилва меояд.
Афсӯс, ки сагҳо умри кӯтоҳ мебинанд, вале то охир ба инсон содиқу меҳрубон мемонанд.

пешина
аз 193
навбатӣ