Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– «Додар, фаромӯш накун, аз ҳоли манзили нав, хонаи охирати бачама хабар гир».
«Чок-чок! «Чок-чок!» – нола мекард чокак ва боз ба хомиву худфиребии одамизод нафраташ меомад...
Шаб гӯрбон боз калавида-калавида, сархуш дар қабристон пайдо шуд. Ин дафъа ҳам аз даҳонаш ҳамон бӯи бад меомад.
Чокак дид, ки гӯрбон дар дами дарвоза наистода, ба гӯристон нишеб шуд. Аммо маълум набуд, ки ӯ зери лаб суруд мехонд ё ояте аз «Қуръон». Вай ҳатто аз болои қабрҳои нав бебокона по монда мегузашт. Парвою эҳтиросе надошт.
Вақте ба мағоки кўҳнае наздик мешуд, аз чизе сахт тарсид, ки якбора истод. Забонаш дар комаш часпид, ҳангу мангаш канд. Дасту пояшро ларза гирифт. Аз рӯ ба рӯяш як мори бадҳайбате, ки ғафсиаш баробари банди по буду аз косахонаи чашмонаш хун мерехт, фашшосзанон ба сӯяш мехазид. Мор бо як хез кори гӯрбонро тамом кард. Рӯзи дигар дар деҳа овозаи ҳалок шудани гӯрбон паҳн шуд. Ҳар кас ин ҳодисаро ҳар хел маънидод мекард...
Акнун Чокак дар ҳавои гӯристони холӣ, хамӯшу бимнок парвоз мекунад ва ҳар гоҳ ҳамчунон садои ҷонкоҳе аз сина берун мекашад: «Чок-чок! Чок-чок!»
Аммо ҳеҷ кас намефаҳмад, ки чокак дар ҳасрати об нола мекунад, ё дар ҳасрати гӯрбон...

САГИ ДОНО

Аз хурдӣ ҳайвоноту парандаҳоро дӯст медоштам. Он вақт дар ҳавлиамон сагу мурғ, қумрӣ ва тазарв буд. Ҳамин ки аз мактаб меомадам, вафодор пешвозам мебаромад.
Як рӯз хостам вафодорро хӯрок дода, сайр барам. Аз ошхона як коса атолаи гарм оварда, ба табақи вафодор рехтаму худ аз пайи либосивазкунӣ рафтам. Пас аз чанде берун баромада, вафодорро ҷеғ задам. Овоз надод. Чор тарафи хонаро кофтам, дарак нест. Падарам саргардонии маро дида, пурсид:
– Чӣ шуд, писарам?

пешина
аз 193
навбатӣ