Аз пайи паланг

Парастуи наринаро чизе ба хотираш расид, ки нидо кард:
– Ин қадар роҳи дурро тай кардем, акнун баргаштан хосияти хуб надорад. Охир, мо ба одамон чӣ бадӣ кардаем? Балки парасту аз давраҳои хеле қадим дӯсти одамизод будааст.
Парастуи нарина ин дам нақли модарашро ба ёд овард. Азм кард, ки то лонаи порсолаашонро пайдо намудан ҳамин саргузаштро ҳикоя кунад…
Мегӯянд, ки ҳазрати Сулаймон забони ваҳшу тайрро медонистааст. Душманон аз ин амалу заковати вай ҳамеша хавф доштаанду дар қасду қасос будаанд. Боре кофирҳо ҷонваронро ҷамъ намуда, бо роҳи фиребу найранг қасди ҷони ҳазрати Сулаймон кардаанд. Хостаанд, гулхани бузурге афрӯхта, дар он ҳазратро сӯзонанд. Вале ба ҳезумкашонӣ аксари ҷонварон розӣ нашудаанд. Дар ин миён танҳо хари нодон розӣ шудааст, ки ҳезум орад. Оқибат хар ҳезуми бисёре кашонда ғарам кардааст. Мори бадкирдор ҳам харро пайравӣ намуда, бо думи дарозаш оташ афрӯхтааст. Ана, дар ҳамин вақт парасту дар даҳонаш об оварда, хостааст, ки оташро хомӯш созад. Душманон ҳазрати Сулаймонро рӯи гулхани оташ шинонда, хостанд ӯро сӯзонанд, ки яке бо амри илоҳӣ малоикаҳо ба ёрии ҳазрати Сулаймон омада ӯро наҷот додаанд.
Баъдтар ҳазрати Сулаймон ҳамаи ҷонваронро ба манзилаш даъват намуда, сабаби ин ҳодисаро пурсидааст.
Нахуст ҳазрати Сулаймон аз хар пурсидааст:
– Эй хари нодон, чаро ту қасди куштани ман кардию ҳезум кашондӣ? Магар аз ман ягон бадӣ ба ту расида буд?
Хар бо пушаймонӣ нидо кардааст:
– Аз шумо, ҳазрат, мо – ҳайвонҳо, танҳо некӣ дидаему халос. Аммо мани нодон оқибати корамро фикр накардаму ба ин амали зишт розӣ шудам.
Ҳазрати Сулаймон суханони содалавҳонаи харро то охир шунида:
– Ту дар ҳақиқат ҳайвони нодону бетамиз будаӣ. Илоҳо як умр ҳамин тавр нодону аблаҳ бимонӣ, – гӯён омин кардааст.
Сипас ба мори зираку ҳушёр муроҷиат намудааст:
– Ту, кӯрмор, соҳиби дили зебою чашмони тез будӣ. Оё ягон вақт нисбати ту беадолатӣ шуда буд, ки бо нӯги думат оташро баланд намудӣ?..

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё