Аз пайи паланг

Кӯрмор ба худ печида гуфтааст:
– Ман ба роҳи шайтон рафтам, оқибати корро фикр накардам. Маро бубахшед…
Ҳазрати Сулаймон, ки хислату хӯи ҳамаи ҷонваронро хуб медонист, аз ин посухи мор ба ғазаб омада амр кардааст:
– Илоҳо, кӯр гардӣ ва аз думи зебоят маҳрум гашта, як умр сарсону саргардон шавӣ!
Ниҳоят ҳазрати Сулаймон бо меҳру муҳаббат ба парасту назар афканда гуфтааст:
– Эй парандаи зебо. Ман медидам, ки дар даҳанат об гирифта, ҳар замон рӯи оташ мерехтӣ, ҳарчанд алангаи оташ баланд буд, ту аз раҳат намегаштӣ?!
Парасту арзи эҳтирому итоатро ба ҷо оварда гуфтааст:
– Мо ба шумо ихлос дорем. Шояд оташ баланд буд, вале оташи меҳру муҳаббати шумо болотар буд, бисёр мехостам, ки шуморо наҷот диҳам.
Аз ин ҷавоби парасту ҳазрати Сулаймон қаноатманд шудааст ва дар ҳаққи парасту дуо кардааст:
– Илоҳо, ҳамеша лонаат дар макони одамон бошаду инсоният туро дӯст дорад ва дар фасли баҳори нозанин лонасозӣ намоӣ.
… Вақте ки нақли ривоят ба охир расид, офтоб як қади найза баланд шуда буд.
Пеш аз парвоз парастуи модина боз изҳори нигаронӣ кард:
– Аз он айём солҳои зиёде гузаштаанд, акнун одамон ҳам дигар шудаанд. Ба онҳо эътимод нест...
– Не, ин тавр нагӯй. Охир, одамизод парастуро дӯст медорад. Аз диданаш шод мешавад. Чун паррандаи бахосият дар хонааш роҳ медиҳад…
Парастуи модина паст наомад:
– Он солҳо гузаштаанд. Дунё дигар шудааст. Акнун одамизод бо зоти худаш рақобат дорад. Мо чӣ? Ҳамагӣ як паррандаи одием.
– Ин тавр нест. Ҳоло ҳам одамон моро нағз мебинанд.
– Чӣ хел нағз мебинанд, ки маҳз одамон кабкро дар қафас карданд?! Дигар ҳайвонот ҳам мутеи одамизод шудаанд...
Парастуи нарина аз ин посух ба риққат омад. Афсӯс хӯрд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё