Аз пайи паланг

самте, ки чанд моҳ пештар ёронаш рафта буданд, нигоҳ мекарду афсӯс мехӯрд.
Аз ҷониби наҳр, ки обаш хеле кам шуда буд, боди сахте вазидан гирифт. Санговдавак ҷонҳавл сарашро таги пар кашид.
Бо панҷаҳои борикаш базӯр шохчаи тутро, ки бод охирин баргҳояшро ба ларзиш оварда буд, медошт. Баргҳои хазонгардида ба «ҳуҷум»-и бод тоб наоварда, оқибат гирифтори он шуда, аз дарахт дур меафтоданд. Хунукӣ санговдавакро маҷбур карда буд, ки ба ҷои бехавфе парида равад. Лекин атроф холӣ, ҷои муносибе барои зист набуд. Медонист, ки ҳар зимистон одамон бераҳмона дарахтони соҳили дарёчаро бурида, ҳезум – аловии зимистон захира мекунанд. Ба тутзори собиқ, ки ҳоло ба ҷуз кундаҳои хушк дигар чизе он ҷо дида намешуд, бо ҳасрат дида дӯхта, барои аз сардӣ раҳо ёфтан худро миёни шохаҳои арча зад.
Танҳо дар ин ҷо, миёни шохаҳо аз шамолу хунукӣ ҷон ба саломат бурд. Акнун кам-кам ба баданаш гармӣ медавид. Аз бекорӣ бо минқорчааш таги болашро тозакунон худашро ба тамошои атроф хост андармон созад. Дид, ки табиат хеле хору залил шудааст. Аз накҳати баҳор, гулу буттаҳои фаровон нишоне намондааст. Як вақтҳо, аниқтараш ҳар тобистон ба ин ҷо гурӯҳ-гурӯҳ одамон омада дам мегирифтанд. Баъзеҳо хайма зада, шабонрӯзӣ дар соҳили дарё фароғат доштанд. Аз он дар аҷаб буд, ки одамон ҳамин канори обро ҷои истироҳат интихоб кардаанд. Охир, насл ба насли санговдавак дар канори рӯдхонаҳову дарёчаҳо зистаанд. Онҳо дар ҳамин шароит ба дунё омадаанду боз мераванд, аммо ба одамон чӣ намерасад, ки чашми тамаъ ба манзили онҳо медӯзанду эшонро аз хона бехона месозанд?
Ҳоло дар ҷое, ки санговдавак лона гузошта буд, санг не, балки шишаҳои шикаставу зарфҳои холии консерва ба назар мерасанду халос. Аз дасти одамони беғам на ниҳоли тут мондаасту на моҳӣ. Нағз дар хотир дорад, ки шабона як гурӯҳ ба об ноқили барқ партофтанду ба тухми моҳиён қирон омад. Ду рӯзи дароз болои об пури мурдаи моҳӣ буд. Ҳайфи ин зебоӣ, аз хаёл гузаронд санговдавак. Ҳис кард, ки ҳоло вақти чунин фикру мулоҳизаҳо нест. Баъд андешаи як санговдавак ба кӣ даркор?
Ғами ҷонро бояд хӯрд. Ин лаҳза модар пеши рӯяш омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё