Аз пайи паланг

– Не, намемонам, ҳамаро ифлос мекунанд!
– Занак, аз барои Худо, ин тавр нагӯй! Оқибати ин корат хуб нест. Мегӯянд, ки вайрон кардани лонаи парасту боиси харобии хонаи одам мешавад, мефаҳмӣ?
– Эҳ, чӣ ин қадар афсона мегӯӣ? Ҳамагӣ як паранда будааст-да. О, дар хона кабк дорем-ку!
Пир дид, ки бо кампир баҳс кардан бефоида аст. Ӯ маъюсона назди қафаси кабк омад. Ба қафаси гулкорӣ ва кабк, ки дохили қафас беқарорӣ дошт, дуру дароз нигоҳкунон оҳи бадарде кашид.
– Ҳайфи умр! Ана ҳамин кабки бечора ҳам бо сад азоби алим зиндагӣ дорад. Магар ӯ дар қафас озоду хурсанд аст?
Охир, ҷои кабк кӯҳсору домани ёлаву пушта аст, на дохили қафасу хона!
Пир дид, ки кабк худро ба қафас мезанаду ба дону об нигоҳе намекунад. Пару болҳои рехта, тефи захмини кабк дили ӯро хиҷил кард. Кабк бо овози паст нолиш дошт. Дар фасли баҳор ӯро ҳам хумори тамошои кӯҳу дара гирифтааст.
«Чанд бор ба писарам гуфтам, ки ҳамин кабкбозиатро парто, – андешид пир, – вале гапамро нагирифт. Ҳар сол ду-се кабкро хона оварда, дар қафас ҷой медиҳад. «Зеби хона»
мегӯяд, аммо обу дон доданашро фаромӯш мекунад. Ақаллан соатаке сар намедиҳадаш, ки дар хона гардад…»
Пир дари қафасро боз кард. Кабк аввал ҳайрон шуд. Бовараш наомад, ки ӯро озод намуданд. Тарсону ҳайрон аз қафас баромада рост ба ҳота парвоз кард. Акнун кабк миёни гулҳои навруста сайр карда ғуч-ғуч дошт. Фикру ҳуши пирамард ҳамоно ба лонаи ҷуфти парасту банд буд. Вайрон кардани лонаи парасту уболи сахт аст! Охир, парасту аз рӯйи ривоят одамизодро аз заҳри мор наҷот додааст! Ба ҳимояи одамизод баромада, забони морро буридааст. Мӯйсафед азм кард, ки рафта кампирашро мефаҳмонад, ӯро аз раъйяш мегардонад, намегузорад, ки парастуи беозор ин ҳавлиро тарк созад.
Пир беруни ҳавлӣ рафта, кампирро пайдо кард. Дид, ки кампираш дар ҷое, ки ҷуфти парасту лона месохт, қарор гирифта, табассум мекард.
Ӯ пирро дида, хурсандона нидо кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё