Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ки дар ҳақиқат солҳои охир муносибати одамон ба парандаҳо дигар шудааст, аммо сир бой надода парвозашро идома дод.
Онҳо боғу майдонҳои киштзорро давр зада, оқибат манзили шиносро ёфтанд. Ин ҳавлии боҳашамат манзилгоҳи онҳо буд.
Дар сақфи пешайвони хона лонаи порсола менамуд. Ҷуфти парасту болои ҳавлӣ парвоз карда, шодона дохили пешайвон шуданд. Болои лонаи кӯҳнаи худ нишаста байни худ чиқ-чиқ карда, онро аз назар гузаронданд. Мазмун, аз нав таъмир кардан даркор! Онҳо аввал соҳибони ҳавлиро надиданд. Бахусус парастуи модина дар ташвиш буд. Ӯ суроби соҳиби ҳавлӣ – зани сурхинаи чорпаҳлӯеро, ки базӯр роҳ мегашт, нағз дар хотир дошт. Аз марди хона – мӯйсафеди Нуралӣ хотирҷамъ буд.
Аммо аз зани вай ҳарос дошт. Балки дар як гӯшаи дилаш гумон дошт, ки шояд хислати вай занак дигар шудаасту акнун бо парастуҳо меҳрубон аст. Ӯ кай медонад, ки одамизод хислату муносибати бад ё некашро то ба гӯр бо худ мебарад ва ислоҳ шуданаш гумон аст.
Ҷуфти парасту бо умеди аз нав обод кардани лонаи кӯҳнаи худ берун париданд. Хеле давр зада, оқибат ҷои нармеро пайдо намуданд. Бо оби даҳон лойхонае рост карданд. Акнун кулӯхчаҳоро нарму майда карда ба ҳам хеле моҳирона мечаспонданд. Парастуи нарина регмайда меовард. Онҳо саргарми кор буданд, мехостанд лонаро пурра аз нав созанд. Ҷуфти парасту бо навбат ба пешайвон даробаро доштанд. Ин дам яке овози дағали занак ба фазо печид.
– Мардак, ҳой мардак, ин ҷо биё! Боз онҳо омадаанд.
Пир аз даруни хона берун шуд.
– Худаш чӣ гап, ҳа?
– Чӣ, намебинӣ, боз ҳамон парастуҳо омадаанд?!
Пир ба лонаи нимтайёри парастуҳо нигоҳкунон завқ бурд.
– Шукр, ки баҳор расиду парастуҳо баргаштанд. Бигузор, лона созанду чӯҷа бароранд, – нидо кард пир.
– Эй марди нодон, охир, аз дасти ин парандаҳо шифти хона ғажд мешавад, ҳар гуна коҳу лойро болои кӯрпаву либос мерезанд!..
– Занак, ин тавр нагӯй, – гуфт пиракӣ. – Охир парасту парандаи бахосият аст. Мон, нарас, бигзор лонасозӣ кунанд!

пешина
аз 193
навбатӣ