Аз пайи паланг

болидарӯҳ ёфт. Туфанги сари китфашро боло кашида миёнашро ҷунбонд. Миёнбанди чармӣ мустаҳкам буд. Хаёле ӯ ҳамаи қувваю ғайраташро дар ба ҷо будани камарбанд медид.
«Агар камарбанд суст бошаду камон бе тир, вой бар ҳоли сайёд» – аз дил гузаронд ӯ. – Вале ман пир ҳам ки бошам, ҳанӯз миёну бозувонам бақувват. Шикорчии пир акнун ба тамошои атроф мароқ зоҳир намекард, балки фикри вай ин дам ба дигар чизҳо банд буд. Ӯ тамоми дара, шаху ағба, роҳраву шикоргоҳҳои атрофашро ба хотир меовард: кӯҳи Кафтар, Лангари Алишо, Сурхаи Гардона, Вағлел, Нишорак, кадомаш? Ин дам забонаш гирифт. Ҷари Говкушро ном гирифту ба баданаш раъша давид. Боз як бори дигар ба овози нимшунаво зери лаб такрор кард:
– Ҷар, ҷари Говкуш.
Пас худ ба худ ғур-ғур намуд: – Ин қадар роҳи дарозро тай намудаму боре ба гӯшаи хаёл наовардам, ки ба ин мавзеи лаънатӣ боз рӯ ба рӯ меоям. Сайёди пир ҳис кард, ки шамолу тундбод ба сару рӯи ӯ бераҳмона «ҳамла» мекунад. Аммо тану бозувони бақувваташ аз чӣ бошад, ки ҳоло тоби хунукию шамол надоранд. Куҷо шуд он ғуруру тавоноӣ?! Акнун сайёд қадамҳояшро ноустувор мемонд. Милтиқу миёнбанди таърифияшро кайҳо фаромӯш карда буд.
Саиди шикорчӣ марди тахминан панҷоҳсолаи қоматбаланде буд. Рӯи гирду чашмони калон-калонаш ӯро бадҳайбаттар метобанд. Дар деҳаи Тобасанг мардум аз ӯ дурӣ меҷустанд.
Ҳамааш аз он сар шуда буд, ки сайёд зану бачаҳояшро хеле барвақт аз худ ҷудо кард. Мегуфтанд, ки онҳо дар шаҳр зиндагӣ доранду болои кору вазифаҳои калонанд.
Саиди шикорчӣ дар Тобасанг бо як сари қоқаш зиндагӣ дошт. Бо мардуми деҳа кам рафтуомад мекард. Дом монда кабку заргӯш, рӯбоҳу гург медошт. Солҳои охир ба шикори кабк машғул буд. Хонааш мудом пури кабк буду аз ин ҳисоб зиндагӣ дошт. Аз тамоми гирду атроф ба ин ҷо кабкхарӣ меомаданд. Баъзан рӯзи дароз рӯи ҳавлияш пури кабкбозон буд.
Кабкҳояш зуд ба савдо мерафтанд. Аз деҳа касе ҳад надошт, ки вориди хонаи ӯ шавад. Мо – бачаҳо гоҳ-гоҳе аз паси шиғҳо бо ҳавас ба хониши кабкҳояш гӯш медодем....

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё