Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Саиди шикорчӣ бо роҳи камбарфе, ки ба поёни дара мерафт, равон шуд. Ӯ дар дил азм кард, ки ба ҷари Говкуш наздик нашуда, дар ҳамон қарибиҳо кабк шикор мекунад.
«Ба дом агар ду-сето афтад, бас», – аз дил мегузаронд ӯ.
Ин дам селаи кабкон аз паси буттаҳо поёнтар парида ба домани кӯҳ наздиктар нишастанд. Мурғони даштӣ, кафтарони ёбоӣ паст-паст парида, ба ҷойҳои камбарф меомаданд. Сайёди пир дур рафта, болои барф донаи гандум пошид. Худ поёнтар хазида, зери дарахти шикастае камин гирифт. Сайёд таги пояшро дурусттар намуда, шоху навдаҳои хушкшударо пештар кашид. Милтиқашро дар паҳлӯ монда, сипас, миёнбандашро наздаш густурда, нони хушкашро болои он гузошт.
Бурдаи нонеро базӯр фурӯ бурд. Ҳушу ёдаш ба миёнаҷои дара банд буд. Он ҷое, ки гандум пошида, дом монда буд, чун кафи даст менамуд. Каме ба атроф зеҳн монд. Барфи сап-сафед чашмро мерабуд. Хост ки нон хӯрад, вале натавонист, як гӯшаи дилаш сип-сиёҳ буд.
Баъди чанде селаи кабкон болои чоши гандум нишастанд.
Сайёд куланги туфанги думилаашро зер карду садои тир дар кӯҳу дара ғулғулаафкан шуд. Аз хуни кабкон болои барф лолагун гашт. Ӯ дар як дам паси санге, ки чанде қабл кабкон қарор дошанд, расида, боз туфангашро аз тир пур карду кабкони парвозиро нишон гирифт. Хайрият ки ин дафъа тираш хато рафт, кабкон имкон ёфтанд, ки аз камари кӯҳ болотар парвоз намоянд. Сайёд туфангашро сари китф партофта, назди кабкони қурбоншуда омад ва онҳоро бардошта сӯи поин роҳ гирифт.
Ӯ баъди шикори бобарор башаст роҳ мепаймуд. Мехост ҳарчи тезтар ба Тобасанг баргардад. Ҳар қадар ба хамгашти пуштакӯҳ наздик мешуд, ҳаво ҳамон қадар хунукӣ боло мегирифт. Оқибат борони майда ба барф табдил ёфт. Сайёд ҷонҳавл гом мезад. Ӯ нафаҳмида аз таги ағба, ки роҳ дигар аз канори дара сӯи ҷарӣ мерафт, равон шуд. Зарраҳои барфи шамололуд бари рӯяшро боз ба сӯзиш оварданд. Ҷомааш пури барф гашта буд. Агар касе ин лаҳзаҳо ба ӯ дучор меомад, гумон мекард, ки рӯ ба рӯяш одами барфӣ меояд...
Саиди шикорчӣ кайҳо аз Лангари Алишо гузашпа, ба сур-

пешина
аз 193
навбатӣ