Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Саид мағрурона аспро баҳудаю беҳуда қамчинкорӣ мекард.
Худо накунаду Саид ба ҳалолҷо нарасид, саманд зери шаллоқ мемонд. Аспи рамузфаҳм зери обу арақ мемонд, лекин соҳибашро ба ҳалолҷо мебурд...
Буз дар бар, шӯр дар сар Саид ба ҳалолҷо мерасиду...
Садои «Ҳалол! Ҳалол...» ба фалак дакка мехӯрд. Ҳамон солҳо ҳама таърифи аспи Саидро мекарданд. Боре Саид аз Вағлел бармегашт, шикораш барор гирифта буд. Хӯрҷинҳояш пури кабку заргӯш, парвои оламу одам надошт. Ҳамроҳонаш аз Ҷари Говкуш хавф бурда, роҳи лангари Алишоро пеш гирифтанд.
Саиди гарданшах ба неву нестони ҳамраҳонаш эътиборе надода, аспро ҷониби Ҷари Говкуш гардонд. Саманди рамузфаҳм аз пешомади баде пай бурда, аввал аз ҷояш наҷунбид. Саид ба гардану пушти саманд пайи ҳам қамчин фуровард. Асп шиҳа мекашиду беқарорӣ мекард. Гӯё дар ҷояш мехкӯб шуда буд. Саид боз баландтару сахттар ҷонварро қамчинкӯб мекард. Чашмони асп об гирифтанду оқибат ба роҳ даромад. Асп қариб ними Ҷари Говкушро паси сар карда буд, ки ногоҳ пояш лағжид. Ҳарчанд ки Саид лаҳзе даступо гум кард, боз чу-чу гуфта, пеш рафтан хост, ки яке ҷонвар ба бурҷи шах дакка хӯрд. Асп чароғпоя мешуду лаҳза ба лаҳза мувозинаташро гум мекард. Мунтазир буд, ки кай соҳибаш лаҷомашро сар дода, худ дар ҷои бехавф қарор мегирад. Саид дар танаи шах ҳайкалвор рост меистод. Саманд охирон маротиба дид, ки соҳибаш аз марг эмин аст. Ду пойи ақибаш аз лаби ҷар батамом канда шуду ба қаъри варта рафт.
...Сайёди пир ҳоло ларзону ҳайрон он воқеаро ба хотир оварду гунаҳкорона аз шахи ҷар, ба қаъри Ҷари Говкуш назар дӯхт. Гумонаш, аз куҷое аз нав шиҳаи саманд баланд гашт. Аз нав шикастани навдаҳо, ба ҳам бархӯрдани харсангҳо ба атроф воҳима андохт.
Саиди шикорчӣ аз зӯрии дарду хунукӣ ба худ мепечиду арақи сарде аз танаш мешорид. Ногоҳ харсанги азиме аз боло канда шуда муаллақзанон байни раҳ уфтод.
Саиди ваҳшатзада худро зуд ба танаи шахи ҷар гирифт.
Харсангу сангҳои ғелон ба поён мерехтанд...

пешина
аз 193
навбатӣ