Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

хаи Гардона расида буд ва худ нафаҳмида монд, ки чӣ тавр аз он ҷо ба тарафи дасти рост тоб хӯрду рӯ ба рӯи Ҷари Говкуш баромад.
Тобасанги калоне, ки болояш шакли даҳани аждаҳоро дошт, гӯё сайёдро мепоид. Ӯ дар як дам ба худ омад. Дасту пойҳояш гӯё шикастанду мадораш хушк шуд.
— Э-эҳа-а! Оқибат аз ҳамин роҳи Ҷари Говкуши лаънатӣ баромадам-ку! Дигар роҳи бозгашт набудагист. Чӣ хел қафо гардам?! – андешид Саиди шикорчӣ. – Магар дар ин барфбод боз қафо гаштан, ин қадар роҳро паймудан осон аст? Эҳ, сабил, гӯр пирӣ шавад. О, пештарҳо ин тавр набудам-ку? Куҷо шуд он ғайрату зӯрии пешина? Не, набояд гардан фуровард.
Як илоҷ карда то бегоҳ ба Тобасанг расидан даркор. Набошад, кабкҳои хона бесоҳиб мемонанд. Шояд харидорҳо кайҳо маро мекобанду дари хонаамро охурча кардаанд. Ӯ як-як ба кабкони дар миёнбандаш овезон нигоҳ карду худро тасаллӣ дод. – Поям ба кадом тараф кашад, ба ҳамон тараф рафтан мегирам, – ниҳоят қатъӣ қарор дод ӯ.
Саиди шикорчӣ болои тобасанге ҷаҳида, ҷониби Ҷари Говкуш қадам зад. Лаб-лаби шах базӯр қадам мемонду аз ҷарии бетак чашм намеканд. Дилаш таҳ мекашид. Хаёле ҷарии бетагу бадвоҳима амсоли сиёҳии девсурате ӯро таъқиб дошт. Аз қаъри ҷарӣ шабаҳе ӯро таъқиб мекард. Поят ки хато хӯрд, санг барин парида меравӣ. Аз сад ҷонат як ҷонат намемонад. Пештар сайёдони кордида ин роҳро тахт карданд. Ҳоло аз ин роҳ сайёдону ҷонварон хеле кам мегузаранд. Аммо борҳо аз ин роҳ аспону ҳайвонҳо ба ҷарӣ паридаанд. Саиди шикорчӣ бо ин роҳ умуман гузаштанӣ набуд, аммо ҳоло ӯ дигар илоҷе надошт.
Дилу бедилон бо сару рӯи арақшор оҳиста қадам мезаду он ҳодисаи мудҳишеро, ки бо саманди худаш рух дода буд, ба хотир меовард.
...Он солҳо Саид ҷавон буд. Дасту панҷаи паҳлавонона ки дошт, чун човандоз ном бароварда буд. Ҳамон солҳо баробари бузкашӣ гоҳе ба шикор ҳам мебаромад. Аспаш саманди вафодоре буд.
Дар иди Наврӯз ҳар куҷое, ки бузкашӣ мешуд, саманд ӯро, албатта ба ҳалолҷо мерасонд. Аҷаб аспи бофаҳме буд. Гоҳо

пешина
аз 193
навбатӣ