Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

моҳихӯрак шуд. Моҳича дар даҳони моҳихӯрак печу тоб хӯрда умед дошт, ки боз ба дарё меафтад, аммо моҳихӯрак моҳичаро сахт дошта аз соҳил торафт дур мешуд.
Гулмоҳӣ ҳайрон буд, ки чаро моҳиҳо ин қадар сердушмананд. Кам дар ёд дорад, ки аз соҳил касе ба моҳиҳо тараҳҳум карда бошад. Хоҳ моҳидор бошаду хоҳ раҳгузар, ба дарё ифлосӣ мепартояд. Гулмоҳӣ ҳамаашро мебинад, ҳам қуттиҳо, ҳам шишаҳои холиро. Гулмоҳӣ эҳтиёткор буд, ба доми моҳихӯракҳо намеафтид. Ӯ боз ба шино даромад. Вале дарёфт, ки об маҷрояшро гум кардааст…
Акнун нафасгирӣ барояш мушкил мешуд. Поёноби пахта дарёчаро гӯё дам мекашид. Гулмоҳӣ аз бими ҷон торафт чуқуртар шино мекард. Дар байни обсабзҳо ҷои мувофиқ ёфту ба боло нигоҳ кард. Дарёча гӯё талвосаи ҷонканӣ дошт.
Моҳичаҳои мурда рӯ-рӯи об шино доштанд.
Аз дарёчаи нуқрафом акнун нишоне намонда буд.Оби заҳролуди пурлой гоҳ бо алам нолиш мекарду гоҳ бо қаҳр шӯрида сар ба сангҳо мезад.
Гулмоҳӣ бемадор гашт. Ба худ мепечиду вале мадори болои об шудан надошт. Аз қаъри чашмони нимпӯшаш хун ҷӯш мезад. Ӯ боз ба ёд овард, ки соле пештар чӣ зиндагии ширин дошт. Бо ҳамҷуфтонаш тамоми дарёчаро давр мезад. Аз моҳӣ ҳама ҷо пур буд. Онҳо базӯр роҳ кушода сайр менамуданд.
Гулмоҳӣ дигар чизеро намедид. Хаёлаш банди зебоиҳои қаъри дарё буд.
Баъзан болои об баромада зери шӯълаҳои гарми офтоб ҳузур мекард. Гоҳо боло меҷасту ҳавои ношинос гулӯяшро мефишурд. Берун аз дарёча барояш муаммое ғалатӣ буд. Ӯ кай медонист, ки одамон дар берун чӣ нақшаҳо доранд. Ӯ намеандешид, ки поёноби пахта чӣ хел обро ифлос мекунанд.
Заҳру дору болои дарёчаро батамом пӯшонда буд. Гулмоҳӣ беихтиёр худро ба соҳил зад. Оби дарёча сахт такон хӯрд.
Гулмоҳӣ яке худро дар регзор дид. Ба худ печида фиғон кашид, имдод хост.
– «Охир, аз сад ҷонам як ҷонам халос нахоҳад хӯрд. Ана, ҳалқам хушк шуд...» – фарёд мезад Гулмоҳӣ. Аммо овози ӯро касе намешунид.

пешина
аз 193
навбатӣ