Аз пайи паланг

Ин дам нафраташ нисбат ба мардуми соҳил зиёд шуд. Нағз фаҳмид, ки одамизод дигар мавҷудоти оламро ба эътибор намегирифтааст. «Онҳо ҳеҷ гоҳ фаҳмида наметавонанд, ки мо, моҳиҳо дар бораи инсоният чӣ андешаҳо дорем». Дунё акнун дар назараш сиёҳ намуд. Ғуборе пеши чашмонашро пӯшонд.
Базӯр дид, ки чӣ тавр дасти тавоное гулӯяшро фишурд. Комак зад, ҳини ҷонканӣ боз бо умед ба дарёча нигарист. Бовар дошт, ки одамизод ба ҳолаш тараҳҳум мекунад. Аммо, ҳайҳот...
ТАЛВОСА
Саги пир фукашро болои пойҳояш гузошта чашмонашро нимпӯш кард. Хост лаҳзае ҳам бошад, ҳамаи дарду аламҳояшро фаромӯш кунад. Нашуд. Аз хунукӣ, барфу шамол ва тундбод баданаш меларзид. Хеле тоқат кард. Оҳиста-оҳиста баданаш батамом сард мешуд. Дигар чизеро ҳис намекард.
Чанголҳои гиро, вале акнун заифгаштааш беҳаракат буданд.
Бо вуҷуди хунукӣ чун рӯзҳои гузашта ғарқи андеша буд. Чанд рӯз аст, ки дар кӯчаву роҳравҳо шабашро рӯз мекарду дар олами рӯъё сайр дошт...
Аввал саг ҳаёти ширине дошт. Дар деҳа мегашт. Усто Набӣ бо сагаш фахр мекард. Ҳамин ки саг пайдо мешуд, бачаҳои деҳа аз қафояш медавиданд. Ӯ бозикунон ҷониби пуштакӯҳ роҳ мекашид. Аз боло ҷониби деҳа нигариста завқ мебурд. Бо навбат подаи деҳаро бонӣ мекард.
Баъди он воқеае, ки бо гургҳо рух дод...
Саги пир ҳоло он воқеаро пеши рӯ оварда хост ба ёди умри бабодрафтааш нола кашад. Вале нахост оромии атрофро халалдор созад. Он рӯз пода нав аз байни дара гузашта буд, ки фарёди чӯпонбача баланд шуд.
– Гург!! Гург!!
Саг ҷонҳавлона ҷониби гург давид. Гурги бадҳайбате ба пода наздик мешуду аз қафояш гурги дигаре атрофро назора дошт. Ӯ бо тамоми қувва сари сина ба сари гурги аввал зад.
Гурги дуюм ин ҷасорати сагро чашмдор набуд, ки дандонҳояшро гиз намуда, ба саг дарафтод. Афтударафти сахте оғоз шуд. Чашмони саг сиёҳӣ заданд. Зӯраш намерасид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё