Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Гургҳо ӯро қариб аз по афтонда буданд, ки бачаи подабон ба гиря даромад. Саг гургонро чапғалат дода, аз нав ба ҳуҷум гузашт. Кори гурги авваларо тамом карда буд, ки дуюмӣ роҳи гурезро пеш гирифт. Ҳамин тавр, саг дар деҳа ном баровард, овозааш оқибат рӯзгори ӯро сиёҳ кард...
Рӯзе сагро сари мошине шаҳр оварданд. Ӯ ба хонаҳои баланду равуои мошинҳо ҳайрон-ҳайрон нигариста винг-винг мекард. Дилаш аз пешомади сиёҳ гувоҳӣ медод. Оқибат соҳиби наваш ӯро дар ошёнаи чорум, дар кунҷи дар ҷой намуд. Оҳиста-оҳиста соҳибаш ба ӯ унс гирифт. Ҷои хоби саг ҳам дигар гашт. Акнун хӯрокаш ҳам беҳтар. Ҳар рӯз сагро берун бароварда ҳамроҳ гардиш мекард.
Лекин муносибати саг ва зани соҳибхана ин хел самимӣ набуд. Инро аз рӯзи аввал саг пай бурду фаҳмид, ки ӯро бад мебинад. Рафта-рафта дар хона муносибати марду зан бад шуд.
Барои ӯ шуда моҷароҳои нав мехест. Дар набудани соҳиби хона зан сагро баста хӯроки дуруст намедод. Саг ҳамаашро мефаҳмид. Аммо ягон илоҷ намеёфт. Як чизи одиро ҳис намекард, ки зан ҳатто одамонеро, ки меҳмонӣ меоянд, бад мебинад. Мехоҳад дар хона худаш танҳо бошад. Саг хеле баъдтар фаҳмид, ки чаро ба ин хонадон меҳмону одамони бегона ин қадар кам меоянд.
Саги рамузфаҳм рӯзе шоҳиди чунин баҳсу талош шуд.
– Аз сарат монад ҳам ҳамин хонаат, ҳам сагат! Кошки саги шаҳрӣ мешуд. Ин бадбӯи қишлоқиро ба хона овардиву хона ифлос шуд.
– Не, ин хел нагӯй, саг-саги зотӣ аст. Охир, хонаро барои мо танг намекунад-ку?!
– Гап якто! – истодагарӣ кард занак, – ё ҳамин рӯз несташ мекунӣ, ё ман пою қадамамро дигар ба хонаат намемонам.
Саг бегоҳӣ, ҳамин ки дар кушода шуд, худ бадар рафт...
Ӯ аввалҳо азоб мекашид. Муҳити шаҳр барояш бегона буд.
Лекин намехост, ки оворагард шавад, аммо маҷбур шуд. Зеро дар хар қадам таҳқир медид. Дар кӯчаҳо ба рӯяш санг ҳаво медоданд, бачаҳо мазоқаш мекарданд, баъд бо сагҳои кӯчагард якҷо шуд. Дар селаи сагони озоди дайду рӯз мебурд... Барф мебориду меборид, фаҳмид, ки ин зимистон хунуктар аст.

пешина
аз 193
навбатӣ