Аз пайи паланг

сагҳои ҷавон бо ду-се кучукча байни худ часпу талош доранд.
Гӯшу гарданҳои якдигарро мехоиданд. Саги пир фаҳмид, ки онҳо машғули ишқварзианд.
Хаёле дар рӯ ба рӯяш модасаги ҳамроҳашро дид. Ӯ ҳам ишқварзӣ мекард, соҳиби галаи кучукчаҳо гашта буд, барои онҳо талош мекард. Ӯ рангу рӯи бачаҳояшро ба хотир оварду оҳи бадарде кашид. Хаёле банди дилаш канда шуд. Чӣ кучукчаҳои зебое парвариш доштанд онҳо. Саги вафодор бегоҳиҳо илоҷе карда, барояш тӯъмае меовард. Аммо бегоҳе омада кулбачаашро холӣ дид. Кучукчаҳояшро бурда буданд.
Модасаг ҳам беному нишон шуда рафт...
Гирдоби хаёлаш саги пирро ором намегузошт, боз пеши назар деҳа, подаю шодии бачаҳо падидор мегашт, боз аз қафояш фарёди бачаҳои деҳаро мешуниду ба гургон ҳамлагар мешуд.
Хаёле саги пир чанд соли охир бо ҳамин хотираҳо мезияду ба ҳаёти шаҳриаш ҳазорҳо лаънат мехонад. Аз шаҳр дилмонда шудааст, менолид, ки ӯ барин сагҳои дайду, бесоҳиб дар шаҳр хеле зиёд шудаанд.
...Назараш боз ба устухон афтод, ба ҳамон устухоне, ки аллакай то нисфашро хоида буд ва бӯи бадаш аз димоғаш ҳаргиз нарафта буд. Пораи устухон гӯё ба ҳоли зори саги пири фартут тамасхур дошт. Саги пир акнун бо тамоми кувва боқимондаи устухонро мехоид. Ҳарчанд кайҳо ба кӯшишҳои бебарор ва панҷаҳои заиф шудааш тан дода буд. Вале аз кадом гӯшаи дилаш ғуруре, ки хоси авлоди ҷасураш буд, боло мегирифт. Намегузошт, ки аз нияташ баргардад. Охирин пораи устухонро хоиду қалбаш гарм шуд. Шираи иштиҳооваре баданашро ба раъша овард. Вале мадораш боз хушк гашту худ аз хунукӣ сарду беҳис...
Барф ҳамоно мебориду меборид. Саги пири фартут, ки пӯсту устухон шуда буд, майли хестан мекард. Охир, ӯ ин зимистон зиндагӣ кардан мехост. Орзуи деҳа дошт. Вале ҳайҳот.
Батамом ба фук ғалтид, хеле талвоса, талвосаи ҷони ширинаш кард ва оқибат пеши чашмонашро пардаи сафеде фаро гирифт...
То дами саҳарӣ барф борид. Чошти рӯз осмон софу беғубор шуд. Аз ахлоттӯда поёнтар саги пир зери кӯрпаи сарди барф

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё