Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

марди қоқинае, ки нигоҳи маккоронаашро ҳоло аз мӯйсафед намеканд, доим дар бозор мегардад, одамонро ба ҷону ҳолашон намонда миёнаравӣ мекунад. Ва шояд ба ин васила соҳиби як-ду пул мешавад. Мардак нигоҳи айёрашро аз саги зарди паҳлӯи мӯйсафед канда мисли оне, ки ӯро чанд сол боз мешинохта бошад, ба гап даромад.
– Мӯйсафед, мебинам, ки чанд маротиба мешавад, ки сагатро бозор меорӣ. Лекин ба фурӯш намеравад, ҳа-а-а.
– Хайр, чӣ илоҷ? Тақдири ҷонвар ҳамин. Шояд ин дафъа онро мефурӯшам.
– Биё, мӯйсафед, худатро ғам надеҳ. Аздусар сагҳои хориҷӣ монда, касе ин саги пири фартути туро харидорӣ намекунад!
– Ин саги пир не, нав хонаи даҳро пур кард. Ҳайвони ҳушёру зирак, вафодору пурқувват аст. Охир аз насли сагони чӯпонӣ зоти хуб мебарояд.
Марди қоқина паст наомада боз мӯйсафедро сахт гирифт.
– Хайр, биё, 10 сомонӣ медиҳам, розӣ шав, сагро ба ман деҳ.
Мӯйсафед ранҷид, сахт ранҷид, албатта барои худаш не, балки барои сагаш ва дам ба дарун зада хомӯш монд. Ҳатто ба марди қоқина хайрухуш накард. Агар ӯро бо нигоҳаш гусел мекард, медид, ки чӣ тавр чашмони хунгирифтаи саг мардакро мепесонанд. Пирамард оҳи бадарде кашида банди сагро аз дасташ раҳо кард. саг дигар ҷои рафтан надошт. Акнун ҳавои сайругашт аз сараш парид. Ғами соҳибашро дарк карда, паҳлӯи ӯ ҷафстар ҷой гирифт. Сарашро миёни пойҳои пирамард монд, маҳсияшро лесид, бӯй кашид...
Пирамардро боз андешаҳои бесарунук фурӯ кашид. Хост аз баҳри фурӯхтани саг барояду бозорро ҳоло ҳозир тарк созад.
Охир ӯ дигар қудрати ба чашмони маъюсу ғамолуди саги зард нигоҳ карданро надошт... Лекин дарди бепулӣ, бенавоӣ, зӯртар баромад, ки хомӯш монд. Хаёле оҳиста-оҳиста базӯр нафас кашид. Ҳис кард, ки саги зард ҳанӯз пойҳояш, кафи дастонашро мелесад...
Он айём, даҳ сол пеш, вақте ки як рӯзи сарди тирамоҳ бо кучукча дучор шуд, ҳамин меҳру вафодориро даррав ҳис кард.

пешина
аз 193
навбатӣ