Аз пайи паланг

ДИДАМ, КИ БУНАФША
ДАР ЛАБИ ҶӮБОР АСТ
Гул рамзи арӯси сол – баҳори нозанин аст.
Ва дар баҳор гулҳо мешукуфанду табиат зебою мунаққаш мегардад. Гулҳои садбарг, лола, сунбулу бойчечак, суману ёс, хайриву қоқу, сунбул боз аз замин сар кашидаанд. Ин гулҳои муаттар низ мисли инсонҳо ба худ сарнавишту тақдир доранд, вале аксар умри кӯтоҳ дида бо ҳасрату дард баҳорро падруд гуфтаанд.
- Гули ошиқипечон Майсаи гули ошиқипечон ба тани навдаи шафтолу сахт печида буд. Ҳеҷ гумон надошт, ки рӯзе мерасаду ӯро аз дилдодааш ҷудо месозанд. Гули ошиқипечон дар ин шабу рӯзи баҳорон сармасти нашъаи ишқу умед гашт. Худашро миёни шоху панҷаи шафтолу дида завқ мебурд.
Гули ошиқипечон намехост дигар лаҳзае аз маҳбубааш ҷудо бошад. Гулҳои ҳархелаи табиӣ ва худрӯи баҳориро дӯст медошт. Мехост то охири умраш миёни гулҳои сабзу нилуфари баҳорӣ боқӣ бимонад.
Оҳ, ин саҳар хаёле боди хазон вазид ва гули орзупарвар пешомади бадеро ҳис кард. Дид, ки ӯро аз миёни дигар гулу буттаҳои баҳорӣ дасти бераҳме канда бо худ бурд.
Гули ҳасратзада нафасгир шуд, вале аз чанголи марг раҳоӣ наёфт ва нафаҳмид, ки ӯро чӣ тақдире дар пеш аст. Аз решааш ки ҷудо шуда буд, худро музтару танҳо ёфт. Баргу пояи сабзу хуррамаш кайҳо зард гашта, дар баргҳояш ғаму андӯҳ лона гузошт...
Соҳиби нави гули ошиқипечон аз дунёи гулҳо хабар надошт. Ӯ ҳамаи гулҳоро як хел пиндошта мехост, ки ин гули нокомро низ дар гулдон шинонад. Марди ҳавасӣ гули ошиқипечонро ҳар саҳару бегоҳ об медод. Фикр мекард, ки гул дар хонааш мешукуфад.
Аммо гули ошиқипечон ба ҷои сарсабз шудану қад каши-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё