Аз пайи паланг

нав сохт. Агар соҳил сарду хунук бошад, таги арча баръакс барои зиндагӣ басо қулай афтод, ҳам аз боду борон раҳо ёфта буду ҳам аз таъқиби фарзанди одам. Баъзан танҳоиро фаромӯш кунад ҳам, хавфе вуҷудашро тарк намекард, як гӯшаи дилаш сиёҳ буд. Охир, то ҳанӯз шамолу тундбодҳо пушти сар нашуда буданду атрофи дарё ҳеҷ не ки холӣ шавад.
Ба болои ин ҳама одамон дар он тарафи дарё заминро канда, лӯлаҳои обгузар оварданд. Санговдавак дид, ки онҳо ба ягон ҷонзод раҳм надоранд: сангпуштеро сангсору саги бесоҳиберо, ки дар таги харсанги калон хона кушода буд, зада пеш карданд.
Ҳайрон буд, намедонист, ки одамон аз ҷонварон чӣ бадӣ дидаанд? Барои чӣ онҳоро чашми дидан надоранд? Ин субҳ бо тарс аз хоб бедор шуду беихтиёр ба соҳил дида дӯхт.
«Ҳамсояҳо», ки дар соҳил машғули кор буданд, дар бораи чизе баҳс мекарданду ҷониби арча ишора менамуданд. Аз миёншон табарбадасте омада, атрофи арча як чарх заду онро аз бехаш бурид. Арчаро зери лӯлаи об гузоштанду болояшро хокпӯш карданд. Санговдавак боз бе кӯю дар ва бесарпаноҳ монд. Дар ҳасрати ҳамҷинсон парвоз карду дар боғе фуруд омад, аммо он ҷо ба гунҷишку қумрӣ, зоғу кабӯтарҳои ёбоӣ вохӯрд. Дар ҳеҷ куҷо аз санговдавакҳо асаре набуд.
... Ӯро қар-қари зоғҳои сиёҳ ба худ овард. Чирикчириккунон болои харсанг парид. Аз ин ҷо чинорҳои хамгашти майдон намоён буданд. Дар ҳар шоху навдаи чинори пир, ки аз ҳама баландтар буд, селаи зоғҳо нишаста базм доштанд.
«Онҳо шояд омад-омади сардиҳоро истиқбол мегиранд», аз дил гузаронд санговдавак. «Охир, модарам мегуфтанд, ки дар миёни парандаҳо наҳстарин зоғҳои сиёҳанду қадами шуми онҳо ба замин танҳо бадбахтӣ меорад».
Санговдавак гуфтаҳои модарашро ба хотир оварду алам гулӯгираш кард. Аз ғаму ғусса чӣ кор карданашро намедонист.
Оқибат фаҳмид, ки гурусна мондааст. Охир, ӯ мисли зоғ имкони баланд парвоз кардан надошт. Макони зисташ, ки соҳили обу анҳор, мавзеи намнок ва сангоб аст, наметавонад дар шохаҳои баланд манзил бисозад.
Базми зоғҳои сиёҳ шиддат мегирифт. Онҳо ба якдигар нав-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё