Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

бат надода, сурудхонӣ мекарданд. Шояд ҳамин бепарвоӣ ва ё фориғболиаш аст, ки зоғ сесад сол умр мебинад. Аммо санговдавак чӣ? Магар ин парандаи майдаи дастнигарро ягон ҷонзоди дигар ба эътибор гирифтааст? Санговдавак аз хурдӣ дар бораи гузаштаи авлодаш нақлҳои зиёде шунидааст. Акнун аламаш кард. Дар танҳоӣ, хорию зорӣ дарк намуд, ки ҳамон нақлу ривоятҳо маъние доштаанд.
Ба дарё чашм давонду дар об акси модарашро дида, ҳамон ривояти куҳан ба хотираш расид.
Модараш нақл мекард, ки дар замонҳои қадим ҳамаи ҷонзоди олам аҳлона зиндагӣ мекардаанд. Яке ба дигаре кордор набудааст. Одамизод акнун ба ром кардани баъзе намуди онҳо оғоз карда будааст. Ана, дар ҳамон замонҳо дар соҳили ҳамин рӯд санговдавак – модар мезистааст. Ӯ бо амри расули Худо – Ҳазрати Сулаймон ҳамин маконро маҳали зисташ интихоб кардааст. Агар дигар парандаҳо боғоту чаманзорро интихоб карда бошанд, ба санговдавак соҳили дарёву миёни сангҳо маъқул шудааст. Вай вазидани шамол, мавҷи дарёро писандида, аз ин интихобаш фахр ҳам мекардааст.
Рӯзе ҳангоми сайругашт дар лаби дарёча майнаеро дид. Аввал ӯро назараш нагирифт, аз ин муомилаю ғурури санговдавак майна ранҷиду хост, ки адабашро бидиҳад. Хуб шатранҷбозӣ карданду баъд ба оббозӣ машғул шуданд. Санговдавак ақлашро дар барге печонду зери санге пинҳон намуда, ба об даромад. Чӣ қадар оббозӣ карданашро худаш ҳам нафаҳмид. Як замон оббозӣ ба дилаш заду берун омада, ақлашро наёфт. Майнаи доно аз гӯшае ба даву този санговдавак нигоҳ карда хуб хандид. Охир, вай ақли ӯро дуздидаву аллакай хӯрда буд. Мегӯянд, ки то ҳанӯз санговдаваки нодон дар ҳасрати ақли гумкардааш дар соҳили дарёҳо мегардаду онро меҷӯяд.
Ин ривоятро ба ёд оварду ғаму ғуссааш дучанд афзуд. Ба нодонияш бовар кард. «Куҷост ақлу фаросати азалӣ, ки аз ин вазъият раҳоӣ ёбам», андешид санговдавак. «Чаро ҳамаи парандаҳои дигар хушбахтанду ман – не».
Дигар қар-қари зоғҳоро намешунид, аз санге ба санге ҷаҳида, ба назди арчаи бурида омад. Тухмҳояшро шикаставу

пешина
аз 193
навбатӣ