Аз пайи паланг

Мӯйсафедро ҷавоби Карим хуш наомад. Вале аз дилаш нияти пок баромад:
– Каримҷон, роҳҳо пурбарфу лағжонак, ба роҳи ҷари харсанг нарав, хатар дорад. Чӣ, аз ҷонат сер шудаӣ?
– Биё, мӯйсафед, ин гапҳоятро як сӯ мон, охир ин нархари ман мисли модахари ту пир нест, ки афтад, мегузарад.
Мӯйсафед дид, ки ба Карим насиҳат кардан бефоида аст.
Ноилоҷ аз пайи ғундоштани боқимондаи ҳезуми худ шуд.
Ҳангоме ки дар зови шамолпаноҳ мӯйсафед модахарро ҳезум бор мекард, Карим ба ҷар наздик шуд.
Нархар дар дами ҷари харсанг гашташро якбора суст кард.
Шояд ҳайбати ҷар буд, ки маркаб фих-фих карда гӯшҳояшро сих намуд. Тамоми қувваю ғайраташро ҷамъ оварда пойҳояшро тиргак кард.
Карими бехабар аз дунё харро ба сиёсат гирифт.
– Их, ҷонвар, их, камаш монд, ҳамин ҷарии сабилро гузарем, қишлоқ намудор мешавад.
Маркаб аз тарси ҷарии бетаг пойҳои ақибашро таранг карда якто-якто қадам мемонд. Барфу яхи зери пояш мелағжид, бори хар меларзид. Карим ноилоҷ аз хар фуромад. Ба сағрии хар кӯфта ӯро ба пеш рафтан водошт.
– Ҳа, ҳа, ҷонвари вафодоре, эй нархари боқуввате. Наход, гузаштани як ҷарӣ бароят мушкил афтод.
Нархар ҷариро тай намуд. Аз ваҳми ҷарӣ, хунукию барф худи Карим ҳам сахт тарсид, бо дидани зови бетаг дилаш таҳ кашид, аммо сир бой надод, гӯё намехост, ки нархар аз тарсуияш огоҳ шавад. Ин дафъа Карим бо ғазаб нӯхтаи харро кашида, ба бари сағрияш бо халачӯб сахт кӯфт. Ҷонвари безабон пеш нарафта, болои барф ба фук зад. Хар зӯр зада хестан мехост, аммо хеста наметавонист. Бор харро фишор доду паҳлӯи ҷарӣ ором шуд.
– Их, очағар, их, их!
Карим ноилоҷ оҳиста бандро кушода, як дарзаи ҳезумро фаровард, ҷоҳилона ба сару гардану сағрии хар кӯфт, гӯё аламашро аз хар мегирифт. Хар дид, ки соҳибаш оқибати корро намеандешад. Ноилоҷ зӯри охирин заду пойҳои ақибашро таранг карда худро бардоштанӣ шуд, ки як пояш болои товасанг

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё