Аз пайи паланг

омад, лағжида сарозер шуд, аз паси хар пои Карим низ аз баландӣ канд. Ӯ имкон наёфт, ки банди харро аз кафи дасташ раҳо созад. Овози имдодталабонаи Карим як баромаду ба гӯши ҷарӣ дармонд, барфи ғафс овози ӯро гӯё фурӯ бурд…
Рӯз бегоҳ шуд. Мӯйсафед ба осмони болои сар нигаристу аз дил гузаронд, ки оё Карим ба деҳа расида бошад.
– Их, ҷонвар, их!
Маркаб дам нагирифта оҳиста-оҳиста роҳро кӯтоҳ мекард...
Дар деҳа овоза шуд, ки Карим бо нархараш гум шудааст…
Бобои Раҳмат интизори обшавии барфу тармаи қади дара буд. Зеро ӯ яқин медонист, ки Карим ҳамроҳи хари ҷавонаш ба ҷари бетаги харсанг афтидааст. Аммо қасд кардагӣ барин ҳаво ҳеҷ гарм намешуд, ки барфу яхи моҳҳои охир об шавад.
ХУКИ ЁБОӢ
Ин қадар хунук шудани рӯзҳои охири тирамоҳро ягон ҷуку ҷондор, парандаю чаранда интизор набуд. Дар Полвонтӯғай ду рӯз боз аз дами саҳарӣ борони сахт меборид. Дар нисфирӯзӣ борон ба барф бадал гашта ҷару пушта, шебу фарози кӯҳсорро бо кӯрпаи сафедаш пӯшонд.
Акнун дар сардию шамол ҳамаи ҷонварони ҷон ба саломат бурда дар ҳелчаҳои худ роҳат доштанд. Ягон ҳайвон ҳурбаи шикор баромадан надошт. Танҳо дар пуштаи ҷари говкуш галаи гургҳои чилламаст чор тараф давида, хаёле шодӣ доштанд.
Хуки пири ёбоӣ маҷбур шуд, ки чор хукбачаашро танҳо монда, аз пайи ёфтани ризқу рӯзӣ ба вусъати ҷангал барояд. Модахук оҳиста-оҳиста ҳаракат мекард ва парвои хунукӣ надошт.
Бадани серравғану серпашмаш сардиро ҳис намекард. Боридани барфи бемаҳал ба модахук фурсат дод, ки бачаҳояшро аз чашми шикорчиҳо дуртар бурда, дар анбӯҳи чакалакзор паноҳ созад. Охир, зимистони сербарф барои харгӯшу суғур ё ҷайра азоби алим аст, ки онҳо аз шикорчиён ё ҳайвонҳои пурзӯр гурехта натавониста нобуд мешаванд. Дар ин фасли сармо бузҳои кӯҳӣ ҳам аз рақибони худ роҳи халосӣ ҷуста, аксар вақт ба доми фиреби одамон меафтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё