Аз пайи паланг

Модахук поёнтари ҷарӣ хамбида ба атроф чашм давонд.
Буттаву дарахтҳои пурбарф, баргҳои хазони зери дарахтон рехта, шохчаву навдаҳо низ дар ноилоҷӣ хӯрокаш буданд. Лекин ҳоло шиками модахук меваи тар, бехмева мехост.
Нохост шамоли дайду ба гӯши хук аз дарунтари ҷангали анбӯҳ садои ба ҳам бархӯрдану шикастани навдаҳои арчаҳои худрӯйро расонд ва ӯ гӯш ба қимор шуд. Ҳисси шунавоӣ ва биноии ҳассос ба хук имконият дод, ки зуд сиёҳиеро миёни дарахтон мушоҳида кунад. Дурусттар назар карду рақибашро шинохт. Шикорчии сурхина милтиқашро ҷониби хук дошта, пайти мувофиқ меҷуст. Банди дили хук ларзид, дигар имкони фикр кардан набуд. Хук яке навдаи ниҳоли пешашро сахт такон дода, чапғалат париду фирор кард. Садои тир оромии атрофро халалдор карду дар хунукӣ ба дили ҷонварон ваҳму тарс андохт.
Шикорчии сурхина аз барор нагирифтани шикораш дар қаҳру ғазаб шуда, милтиқашро бо шаст поён карду хаёле худ ба худ дар қаҳру ситеза шуд.
– Ин хуки падарлаънат бори чандум аст, ки зинда мемонад.
Очағар ин қадар ҳилагар будааст, – афзуд шикорчӣ. – Лекин ман ҳам очаи зорашро нишон додаам-ку. Соли гузашта шаш хукбачаашро ҷо ба ҷо паронда, гӯшташонро ба солдатҳои ӯрус фурӯхтам. Лекин ин балозада ҳар сол ба боғу полези ман ҳуҷум карда, хоки ҳотаамро мебезад...
Модахук аз аввал шикорчии сурхинаро бад дид. Хаёлаш дигарон каме инсофу диёнат доштанд. Ба ҷони ҳайвонот, хосса хукҳои ёбоӣ он қадар ҷабр намекарданд. Аммо шикорчии сурхина бо баҳонаи шикор ба тухми хукҳо қирон овард. Худаш «гӯшти хук ҳаром» гуфта намехӯрд, шикор мекарду мефурӯхт.
Ҳамон вақт модахук аз ёри бовафои худ нархуки хокистарранг ҷудо гашту дунё дар назараш торик шуд. Хост қасосашро аз шикорчӣ гирад.
Модахук нағз медонист, ки ҳар қадами ба деҳа ва ҷои зисти одамон наздик шудан ба ҷонаш хавфу хатар таҳдид дорад, вале дар он рӯзу соат ӯ ташнаи интиқом буд. Пеши рӯи хук танҳо ҳамҷинси бовафояш нархуки хокистарранг буду халос.
Хуки ёбоӣ аз теппа хамбида, ҷониби ҳавлии шикорчӣ, ки дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё