Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ба сӯи чӯҷаҳояш тир холӣ кард. Як ҷуфтро ғалтонда сеюмиро ниҳоят дошт...
Акнун шикорчӣ хурсандиву шодӣ дошту модакабк дуртар ноилоҷ мисли мурғи нимбисмил гӯё ҷон меканд. Ҳоло модакабк чӯҷаи паршикастаашро таги тефаш гирифта буд. Намехост аз ягона чӯҷаи ҷон ба саломат бурдааш халос шавад.
Ҳарчанд медонист, ки ин чӯҷа заифу нотавон, маъюбу маслуқ асту дур рафта наметавонад, вале меҳри модарӣ намегузошт, ки ӯро танҳо монад. Чӯҷаи маҷрӯҳ таги қаноти модар роҳат карда ҳайрон буд, ки чаро додаронаш, се чӯҷаи дигар наметобанд. Ӯ ҳиҷ сарфаҳм намерафт, ки онҳо ба чанголи шикорчӣ афтодаанд. Намедонист, ки дар ин кӯҳистон вақтҳои охир барои онҳо паноҳгоҳ қариб ки намондаасту доим одамон онҳоро несту нобуд мекунанд ва зиндамондаҳоро ба қафас ҷой карда шаҳр мебаранд...
«Қав-қив»-и модар барояш гуворо буду аз миёни парҳои гарму нарми модакабк берун рафтан намехост. Модар ба «ғут-ғут»-и чӯҷаи маҷрӯҳ гӯш дода хаёле мотам дошт. Ёди чӯҷаҳои бенишону ғами ин тифли маҷрӯҳ афгору хаста кардааст ӯро. Модакабк тефак зада чӯҷаашро аз хоб бедор кард, акнун модар мехост, ки ин маконро тамоман тарк карда бо чӯҷаи маҷрӯҳаш дарунтари кӯҳу дара равад, ҷое, ки пою қадами одамон нарасад. Бо ҳамин ният модакабк сӯи ғору баландкӯҳ роҳ пеш гирифт.
Раҳораҳ модакабк ҳис кард, ки шикорчиён ҳоло низ дар ин макон қарор доранд, Худо накунаду бо онҳо рӯбарӯ шавад, яқин аст, ки аз чӯҷаи ягонаи паршикастааш низ маҳрум мешавад, барои ин мехост тезтар аз ин гӯшаи бесоҳиб бадар раванд.
Модакабк дид, ки боз чӯҷааш шалпару гаранг аст. Муддате гирди чӯҷаи маъюбаш давр зада фаҳмид, ки ӯ ташнаву гурусна мондааст, боз ҳаво тафсида чӯҷа дамгир мешуд. Модакабк донист, ки ба чӯҷа ёрдам лозим аст ва ноилоҷ бо нӯлаш аз гардани чӯҷааш гирифта, чанде рафту оқибат онро зери буттаи гулхоре гузошт. Ва худ парвоз карда аз ҷӯйи оби чашма поёнтар хамид. Баъди аз чашма хуб об нӯшидан ба қафо баргашт, чӯҷаи маҷрӯҳ маътали модар чашмони интизорашро аз модакабк намеканд. Модар ӯро сер кард, вале магар чӯҷа ҳамоно

пешина
аз 193
навбатӣ