Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

гуруснаву беҳол буд, ки «чик-чиккунон» мағал дошт, баъд ноилоҷ таги қаноти модар паноҳ бурд...
Рӯз аз нисф гузашта буду дар паҳнои дара модакабк бо чӯҷааш саргардон аз тарси одамон фирор дошт. Чӯҷаи маҷрӯҳ базӯр роҳ мерафт намефаҳмид, ки чаро модараш ин қадар саросема ҷониби маҳали номаълуме ҳаракат дорад. Намедонист чӣ тақдире онҳоро дар пеш аст. Чӯҷаи маҷрӯҳ аз болои сангрезаҳо бо азоб гузашт, болаш сӯзиш дошт, ҳаво оҳистаоҳиста мӯътадил мегашт. Чанд пуштакӯҳ ақиб монданд.
Ниҳоят, макони васеъ, сералаф намудор гашт. Модакабк шод шуд. Дар ин макон одамон нестанд. Селаи кабкону мурғони даштиро дид, ки озодона дар сабзазор ғел зада сурудхонӣ доштанд. Селаи кабкону мурғони ин диёр, ки аз шикорчиён огоҳӣ надоштанду бехабар аз ғаму дард буданд, парвозкунон бо тааҷҷуб ба модакабку чӯҷаи паршикаста нигоҳ карданд. Ватани кабк дар ақиб монда буд. Акнун ӯ бо чӯҷааш бояд дар макони нав рӯ орад. Модакабк бо умед ба атроф чашм дӯхт.
Ин вақт чӯҷаи маҷрӯҳ «чик-чик»-кунон таги тефи модакабк даромад. Модакабк хуб фаҳмид, ки дар ин макон солҳост, ки ба ғайр аз ҳайвоноту дарандагони ваҳшӣ қадами одамӣ нарасидааст ва ин ҷо ҳанӯз бӯйи доруи камонро намедонанд.
Аз ин ҳолат модакабк шод гашта, чӯҷаашро зери пар карду аз қисмати ояндааш дилпур шуд, зинда мемонад, наслашро гум намекунад... Ва парандаи нодон гузаштаашро зуд фаромӯш кард. Ҳилаву найранги шикорчӣ аз ёдаш баромад.
Нафаҳмид, ки шикорчӣ барои ба мақсадаш расидану ба ин макони нав роҳ ёфтан бо чӣ қадар ҷонканиҳо, пинҳону рустшавон, афтодаву хеста ба ин ҷо омадааст. Модакабк хеле бармаҳал хурсанд шуда, майдони васеъ, кӯҳу пуштаҳои сералафро давр зад. Долу дарахтони макони нав, сояи сангу теппаҳои пур аз гулу гиёҳ табъи дилаш буд. Дар бозгашт ногоҳ дид, ки селаи гунҷишкону мурғони даштӣ сари чашмаи бари теппа ғун шуда шӯру мағал, фарёду бедод доранд, аз ин манзараи ногаҳонӣ дилаш таҳ кашид, пеши чӯҷаи маҷрӯҳаш нарафта поён фаромад. Вақте ки парандагону ҷонварон модакабки ношиносро диданд, боз баландтар ғирев бардошта қариб ба ӯ ҳуҷум намоянд. Фаҳмиданд, ки сабабгори ба ин мавзеъ

пешина
аз 193
навбатӣ