Аз пайи паланг

дор мешавад. Хаёле дар банди дасташ ба ҷои тӯмори сари мор, ҷондори сиёҳи чашмкалоне бо дандонҳои хунолуд мехазад...
Имшаб боз хоб дид. Дид, ки сиёҳӣ атрофашро ҳалқасон печонда ҷояшро ба рӯз доданӣ нест. Дуртар нохост чашмаш ба мори калони бадҳайбате бархӯрд. Мор аз ҷояш барҷаста, сарашро ҷунбонда забончаашро баровардааст, чизе мехояду аз ду бари лабаш хун ҷорист. Мор болои сараш омада ҳалқа зад.
Даҳмарда ба худ омада дид, ки аз тарс дарақ-дарақ меларзаду хунук мехӯрад. Ин вақт морҳои дигар низ ба шӯру қиём омада гирдашро ҳалқасон мепечонанд. Мазмун, ба ҳамдигар мефаҳмонданд, ки даҳмарда омадааст, даҳмардае, ки сари морро тӯмор кардааст. Даҳмарда чорғов шуда берун баромад.
Ҷонаш ба танг омада буду нафасгирияш мушкил шуда буд.
Дар берун хост тӯморашро гирад. Аммо аз банди дасташ мори сиёҳе чиррос зад. Ҳуш аз сараш париду додгӯён бедор шуд.
Фаҳмид, ки то ин тӯмори зормонда дар банди дасташ аст, дар хобаш ӯро морҳо ором нахоҳанд монд.
Бо ҳамин ният хост имрӯз тӯмори сари морро бурда дар пушта, дуртар аз алафзор партояд. Шояд он вақт аз хобҳои даҳшатнок раҳоӣ ёбад...
Даҳмарда тӯмори сари морро бо ҳарос кушодан хост. Банди дилаш ларзид, тӯмор ғалтид, базӯр як илоҷ карда худашро нигоҳ дошт. Тӯморро боз дар кафи дасташ соида гарм кард, баъд бӯй кашид, тӯмор ҳанӯз бӯи мори зинда дошт. Пас онро миёни кафаш гирифт, то сиру асрори тӯморро ақаллан ҳозир дарк созад. Вале аллакай дер шуда буду даҳмарда илоҷи хатояшро наёфт. Чунгурак нишаст, хест, гумон кард, ки дар гулӯяш сӯзан дармондааст. Даҳмарда дар атроф чизеро надид, сараш аз гармии зиёд чарх зад. Нав тӯморро мепартофт, ки кафи пояш сӯзиш кард. Дид, ки мори нақшине аз пеши пояш майли дур шудан дорад.
Хост чӣ гуна будани ин морро муайян кунад, аммо пеши чашмаш сиёҳӣ зад, арақ ба тамоми вуҷудаш давид, дар тобу таб сӯхт. Хост фаҳмад, ки морони дигар метобанд ё не, надид.
Ҳеҷ чизро надид ва якбора якпаҳлӯ миёни буттаҳо афтид...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё