Аз пайи паланг

МУРҒИ ДАШТӢ
Беша сердолу дарахт ва роҳи каҷукилебаш, ки пур аз решаҳои пӯсидаю анбӯҳ буд, пеши шамолро гирифта, гӯё буттаҳои худрӯи нав қадкашидаро панаҳ мекард. Дар шоху панҷаҳои навдаи дарахтони пир лонаҳои парандагон алвонҷ мехӯрданд. Яқин, солҳо боз лонаҳо бесоҳиб мондаанд, ки баъзеашон титу парешон шуда, аз зарби боду борон сӯроху кашол афтодаанд.
Як вақтҳо беша пури набототу ҳайвонот, гулу гиёҳҳои сершира буд. Аз пиёзи кӯҳӣ сар карда, то ҷамилаку субинак, пудинаву чукриву торон дар домани ҳамин кӯҳу дара ба чашм мерасид. Аз беша болотар, аз фарози кӯҳпора як банди даст барин об поён мерехт. Аҷаб оби тозаю шаффофе буд, ки аз нӯшиданаш сер намешудӣ. Қариб ҳамаи мурғону ҷонварон аз ҳамин шаршара об менӯшиданду ташнагӣ мешикастанд.
Чӣ шуду баъдтар ин бешаи озодро мамнӯъгоҳ ном ниҳоданду он рафта-рафта харобу валангор шуд. Мурғи даштӣ шоҳид аст, ки чӣ тавр бо омадани ҷангалбонҳо пою қадами одамон мавзеи ободу хуррам ба хок яксон шуд. Баъзе табиатдӯстон дар дохили беша хона сохта, муҳити табиатро халалдор сохтанд...
Онҳо нафаҳмиданд, ки ҳеҷ гоҳ инсон ба табиат пурра ғолиб намеояд ва ҳатто табиат метавонад як замоне интиқомашро аз инсон гирад. Вале ҳоло дар ин ҷо табиат ба сукут, андешаи дуру дароз рафтааст ва хомӯш аст. Зеро дар ҷангал неку бад паҳлӯи ҳам омадаанд ва ғаму шодиро якҷо мебинанд.
Мурғи даштии ҳайрону лолмонда ба атроф нигоҳ мекарду хомӯш мемонд. Ӯ дигар суруд намехонд, овозаш мисли пештара оҳангу шева надошт. Балки вақти нағмасароӣ фаҳмид, ки овозаш тамоман хастаю дилхарош гаштааст. Ин дам мурғи даштӣ ёди рӯзҳои гузаштааш мекард. Вай ҳамаи зову нишебӣ, пайраҳаю гузаргоҳҳои бешаро нағз медонад. Мурғи даштӣ ҳатто мефаҳмад, ки кадом дарахт умри чандсола дорад.
Акнун дар ин қади водӣ аз зебоӣ, гулу себарга, алафҳои доругӣ дарак нест, балки саросари бешаро найзору қамишзори

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё