Аз пайи паланг

доштани мурғи даштӣ ба беша омада буд, аммо ин парандаи зеборо пайдо накард. Ҳоло ӯ аз куҷо медонист, ки дуртар паҳлӯи найзор мурғи даштӣ ӯро наззора дорад...
Мурғи даштӣ паси баргҳои анбӯҳ паноҳ буд. Акнун ӯ аз оянда сахт дар ташвиш буд. Дарки он ки авлоди мурғони нодир тамоман несту нобуд мешаванд, аламаш кард. Вале ин тарсу ҳароси ӯро чӯҷааш нафаҳмид. Ӯ аз куҷо медонист, ки дар ин водӣ аз авлоди мурғони даштӣ, ки ба Китоби Сурх дохил шудаанд, танҳо онҳо боқӣ мондаанду халос.
Мурғи даштии пир боз гузаштаро пеши рӯ овард. Нағз дар ёд дорад, ки чӣ хел мурғони даштӣ аз кишвари ҳамсоя ба ин диёр омаданд. Ба онҳо иқлими хушобу ҳаво, дашту дамани васеъ ва чаманистони сабзу хуррам писанд афтод. Ва мурғони даштӣ ин водиро ватани якумрии худ интихоб карданд. Он айём сарвари оилаи мурғон аз ин рафтори онҳо розӣ нашуд.
Таъкид кард, ки оқибат аз ҷониби одамони ин сарзамин ба таъқиб гирифтор шуда, яксар нобуд хоҳанд шуд. Худи сарвари мурғон ба ватани аҷдодияш баргашт, аммо онҳо монданд, хостанд ба ин диёр ҳусн бахшанд. Дар кӯҳу дара нағмасароӣ карда, насли худро зиёд намоянд.
Вале омада-омада гапи ҳамон мурғи даштии батадбир рост баромад. Акнун ба тухми мурғони даштӣ қирон омад.
0B– Чӣ илоҷ, – андешид мурғи даштӣ. – Охир, мо ба одамон ягон бадӣ накардаем-ку? Чаро онҳо доим ба мо душманӣ мекунанд? Магар намефаҳманд, ки табиат бо ҳамин ҷонварону хониши парандагонаш зебост?...
Мурғи даштӣ аз ин фикру хаёлҳо хаста шуда, боз аз пайи наҷоти чӯҷааш шуд. Акнун ӯ бо минқор шоху навдаҳои хушки арчаро шикаста, атрофи лонаашро мустаҳкам мекард. Мехост то фаро расидани хунукиҳо як лонаи васеи аз чашми шикорчӣ дуртар бунёд созад, то дар он ягона чӯҷааш зиндагӣ карда, наслашро нигоҳ дорад. Мурғи даштӣ аз рӯи таҷрибаи андӯхтааш бо тамоми маҳорату санъат лона сохт. Акнун лонааш аз табиат, ранги гулҳо фарқ надошт ва онро одамизод даррав пайхас намекард. Рӯз нисф нашуда, аллакай лона тайёр шуд ва мурғи даштӣ чӯҷаашро танҳо монда, худ болотар, миёни қади дара парвоз кард ва омада яке болои дарахти ангат нишаст. Акнун ӯ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё