Аз пайи паланг

бо ҳавас ба атроф чашм дӯхт. Ҳарчанд чандин сол боз беша макони мурғи даштӣ аст, боз вай онро дӯст медораду ҳеҷ аз табиат дил канданӣ нест.
Ҳар дафъа онро зеботару дилҷӯтар мебинад. Ҳайрон мешавад, ки чаро ин зебоиҳо ба чашми одамизод наметобад. Мурғи даштӣ аз лонаи сохтааш дилпур буд, ки дигар ғами шикорчии баднафсро аз сар дур кард. Ниҳоли ангат бо баргу пояи худ мурғи даштиро хаёле дар оғӯш кашида, ӯро аз чашми бегона паноҳ дошт. Аслан ангат ниҳоли бахосияту барои мурғи даштӣ хеле азизу муқаддас аст. Охир, мурғи даштӣ дар ҳамин беша, зери ҳамин ниҳоли худрӯй ба дунё омад, калон шуд, тариқи парвоз омӯхт.
Он айём дар беша аз ҳама зиёдтар мурғони даштӣ буданд.
Ҳар рӯз села-села мурғон дар болои дара парвоз карда, суруд мехонданд. Дигар парандаҳо, аз қабили мусичаю қумрӣ, гунҷишку майна бо ҳасад ба селаи мурғони даштӣ нигоҳ карда, аз сарҷамъии онҳо тааҷҷуб доштанд. Мурғони даштӣ аз шираи гулу гиёҳҳо хӯрда, бо хониши зебои худ ба водӣ ҳусн мебахшиданд. Аммо ин шукуфоӣ ва ваҳдати мурғони даштӣ ба сарашон боз бало овард. Балои осмонӣ не, балки балое, ки онро одамизод кашф карда, ба беша расонд ва аз тири камону шикори бераҳмонаи одамон мурғони даштӣ низ кам шудаанд.
Инсоният фаҳмид, ки гӯшту авғани мурғи даштӣ аз ҳамаи ҷонварон болаззаттар будааст. Акнун шабу рӯз мурғони даштиро шикор мекарданд. Дар ин дашту ҷангал мурғи даштӣ овора асту мисли пештара дар фазо озодона парвоз намекунад, балки бо мушкилоту азоби алим дар атроф, дар ҷангали васеъ, ки имрӯз барояш танг шудааст, пинҳон шуда мегардад. Мурғи даштӣ аз шохаи ангат парида, ба поён нигоҳ кард. Ба пасхамӣ миёни арчаҳои худрӯй нишаста, дид, ки нисфи қади зов ба харобазор табдил ёфтааст. Аз ҷангали пештара қариб ному нишоне нест. Одамон барои ҳезум ҳамаи дарахтонро саросар буридаанд. Аз ғарами кундаву реша, шохаҳои шикаставу нимсӯхта мурғи даштиро даҳшат зер кард. Ноилоҷ ҳавои атрофро чуқур нафас кашид, то фаҳмад, ки аз кадом ҷониб бӯи одам, бӯи шикорчӣ меояд, вале ба димоғаш ҳеҷ гуна бӯи одамизод нарасид. Аз дил гузаронд, ки шикорчӣ шояд ҳилаву

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё