Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ба муоинаи бузҳои кӯҳӣ сар карду беша ба коми нестӣ афтод.
Акнун бузҳои нодир низ ба балои азим гирифтор шуданд.
Дегҳои калон аз гӯштбирён пур мегардиданд. Одамонро гӯштхӯрӣ ба дил зад, ки боқимондаи гӯштро ба қади дара мепартофтанд. Қад-қади беша аз устухонҳои бесоҳиб пур шуд.
Дигар бузҳои кӯҳӣ низ амон надоштанд. Ҳамин ки аз чор-панҷ фарсах роҳ дуртар суроби одамро диданд, як илоҷ карда дар ягон ғор ё домани кӯҳпорае панаҳ мешуданд.
Он айём дашт ба мотамхонаи ҷонварон, бузҳои нодир табдил ёфт. Аз фиғону нолаи ҳайвонот ба дили ранҷури мурғи даштӣ тарсу ҳарос афтод. Аҷабаш омад, чаро худи ҳамин одамон буданд, ки чанд сол пештар гурӯҳи бузҳои нодирро бо сад машаққат аз кадом давлати ҳамсоя оварда, ба беша сар доданд, то онҳо ба шароиту иқлими минтақа одат кунанду шумораашон зиёд шавад. Имрӯз боз худи онҳо баргашта омада, бо баҳонаи санҷиш шикорро ба роҳ мондаанд...
Мурғи даштӣ ҳар дафъа аз кору амали одамон ҳайрон мемонад: чаро инсонҳо ба заҳмату ранҷи худ беэътиноӣ мекунанд? Чаро обод мекунанду баъди чанд сол боз гашта онро вайрон мекунанд? Мурғи даштии пир гузаштаи авлодашро ба хотир оварда, афсӯс хӯрд, ки дар вақташ гапи модарашро нагирифту ин маконро тарк накард. Модараш мегуфт: Намебинӣ, чанд насли моро инсон хонагӣ кард? Ҳоло як авлоди мо хонагӣ шуда, дигар ба ҷангал намеояд. –Чӣ хел? – пурсида буд он вақт мурғи даштӣ. Модараш ба қаҳр афтод, ки ана ҳамон мурғон оқибат хонагӣ шуда, аз боли парвоз монданд.
Ҳоло танҳо тухм карда метавонанду халос. Наход моро ҳам хонагӣ созанд?
– Кӯшиш доранд, ки хонагӣ шавем. Бин, аллакай ҳамроҳони мо баъзеашон дар қафас умр ба сар мебаранд. Одамон ҳоло ҳам ҳаракат доранд, ки ҳама намуди мурғҳоро хонагӣ ва мутеи худ созанд. Ҳар сол села-села мурғонро ба боғҳои ҳайвонот мебаранду сар медиҳанд. Оқибат онҳо дар паси панҷара, дар хориву зорӣ ҷон медиҳанд.
Мурғи даштии пир, ки соҳиби таҷрибаи бой буд, ҳоло ҳам ба тавоноӣ, бузургиву доноии одамизод шубҳа дошт. Танҳо баъди ба лонааш баргаштан фаҳмид, ки хатои сахт карда буда-

пешина
аз 193
навбатӣ