Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

найранги наве бофта баровардааст. Оқибат мурғи даштиро табиати вайрон, дарахтони ҳасратзада дилгир кард...
Наход, одамизод ақаллан ба офаридаҳои табиат раҳм накунад. Хайр, моро-ку барои гӯштамон шикор мекунанд, фикр кард мурғи даштии пир, – нисбат ба табиат чаро ин қадар бетараҳҳум аст инсон?!
Атроф ҳамоно хомӯшу бесадо метофт. Адирҳо, қади зову кӯҳпораҳо мисли сари бо поку тоза тарошида лучу урён буданд. Баҳор ин ҷо чӣ қадар зебо, мунаққаш мегашт. Дар баҳорон баъзе парандаҳои муқимӣ муваққатан гашта меоянду тӯю тамошо мешавад ва боз атрофро қиву ҷув, хониши парандаҳо пур месозад. Ҳоло ҳамааш сӯхтаву фано гаштааст.
Офтобу гармии тамузи фасли тобистон ҳукм ронда, рустаниву буттаҳоро бармаҳал хушк кардааст. Аз гармии тоқатфарсо ниҳолони санҷиту ангат мисли мӯйсафеде, ки асои худро ба замин кӯфтааст, хам хӯрдаанд.
Мурғи даштӣ ба ёд овард, ки соли гузашта дар гӯшаи дашт хаймае пайдо шуду баъд гурӯҳи одамон дар сурати табиатшинос ба таҳқиқи беша шурӯъ намуданд. Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ шуда, дар қади дара, нишебу пуштаҳо аланг-саланг, беҳуда хеле гаштугузор намуда, ба дафтарҳои худ чиҳое навиштанд. Шоху навдаҳоро шикаста, бо ҳар гуна пурбину асбоби ченкунак аз назар гузарониданд. Ҳангоми тарзи ҳаёти парандагонро мушоҳида кардан онҳо низ ғайричашмдошт ошиқу гирифтори мурғони даштӣ шуданд. Акнун ҳар рӯз ҷангалбон ноилоҷ дусе мурғи даштӣ шикор карда, барояшон хӯрок мепухт.
Мурғи даштӣ аз чунин муносибати одамони шаҳрӣ, ки якбора дигар шуданд, дар тааҷҷуб афтода, намедонист, ки ҳамаи инро сабаб чист. Акнун мурғи даштии пир ҳамаашро аниқ медонад, ки аз онҳо ба зоти мурғон ягон фоида нест, балки зарару зиён мерасаду халос. Онҳо тирамоҳи ҳамон сол ба ин ҷо як озмоишгоҳ – мошини сайёр низ оварданд. Ҳар рӯз аз дохили озмоишгоҳ ду-се нафар ба беша омада, мурғони даштиро мушоҳида мекарданду баъд бегоҳӣ худашон пинҳонӣ ба шикор даст мезаданд. Шаби дароз дар озмоишгоҳ базми майнӯшӣ, рақсу бозӣ ороста мешуд даҳҳо мурғон қурбон мегардиданд. Боз касофат омад. Охири ҳамон сол гурӯҳи дигар

пешина
аз 193
навбатӣ