Аз пайи паланг

3ВГУРБАИ ГУРУСНА
Гурбаяк ҳайрон аст. Як рӯз боз дав-давон дар ҷустуҷӯи модарҷон аст. Гурбаяк чор тараф медавад. Намедонад куҷо, назди кӣ равад, суроғаи модарашро пурсад.
Мияв-мияв. Очаҷон. Гирякунон мерафту гуруснагӣ азобаш медод. Гурбаи майдаяк аз миёни буттаю ниҳолак гузашта, қади роҳ расид, бо сад умед ба одамон нигоҳ кард. Дид, ки касе ба ӯ таваҷҷӯҳ надорад, ҳайрон шуд, ҳиҷ ақли кӯдаконааш намегирифт, бо суолаш посух намеёфт. Чаро инсонҳо низ ӯро намебинанд. Охир, ман гуруснаам, фикр кард гурбача...
Худашро таги пои чанд роҳгузар бурд, зада дураш карданд.
Ноилоҷ гашт. Аммо гуруснагӣ ҳолашро ба танг овард. Садои раҳмовари мияв-мияв Обидҷони шашсоларо назди гурбача овард. Обидҷон зуд аз хонааш шир овард. Пишакча бо харосу тааҷҷуб резаҳои нону ширро фурӯ бурд. Гурбачаи аллакай нимсершуда дигар нигоҳашро аз Обидҷони хурдакак намеканд.
Гурбача ҳайрон буд, ки чӣ тавр ин писараки сода гуруснагии вайро фаҳмиду калонсолҳо не. Гурбачаи майда суолҳои бисёр дошт. Мехост аз Обидҷон дар бораи одамон, рафтору кирдори онҳо пурсон шавад. Аммо намедонист чӣ гуна ӯро фаҳмонад. Дилу бедилон аз қафои Обидҷон равон шуд. Бовар дошт, ки соҳиби наваш ҳаргиз ӯро озор намедиҳад ва гуруснааш намегузорад...
4ВЛОНАИ МУСИЧАҲО
Каримҷон ҳар саҳар бо садои хушу гуворои «ку-ку-ку»-и
мусичаҳо аз хоб бедор мегашт. Пеш аз мактаб рафтанаш як
бор ба лонаи мусичаҳо, ки дар тоқи болохона ҷойгир буд, назар афканда, бо дили пур дастурӯй шуста, баъди чойнӯшӣ мактаб мерафт. Ин саҳар Каримҷон овози шиноси «ку-ку-ку»-и
мусичаҳоро нашунид. Дилаш яке ганда шуд. Бо хотири парешон зуд ба тоқи болохона нигоҳ карду дуд аз димоғаш баро-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё