Аз пайи паланг

мад. Қариб гиря кунад. Кадом дилсиёҳе хасу пахолҳои лонаро партофта, онро вайрон кардааст.
Каримҷон дигар мусичаҳоро надид. Фаҳмид, ки онҳо аз одамон сахт ранҷидаанд. Чӣ разилӣ, – фикр кард ӯ. Магар ин парандаҳои беозор ҷон надоранд? Онҳо ба одамон чӣ бадӣ кардаанд, ки чунин ҷазо диданд?
Имсол баъди боронгариҳо ҳаво гарм шуд. Як саҳарӣ ҳанӯз офтоб набаромада буд, ки Каримҷон овози шиносеро шунид.
Аз ҷояш як қад парида хест, «ку-ку-ку»-и мусичаҳои шинос чун оҳанги ошное ӯро берун овард. Каримҷонро ҳеҷ бовараш намеомад. Мусичаҳо паст-паст парида, ба тоқи болохона хасу пахол мекашонданд. Писарак ба лонасозии мусичаҳо зеҳн монда мехост фаҳмад, ки оё азми онҳо қавист. Дид, ки бо ҳавас лонаи худро дуруст мекунанд. Аз дил гузаронд инсонҳоянд, ки ба якдигар кинаву адоват, ҳисси қасосгирӣ мепарваранд, аммо ҷонварону парандагон асло кина намегиранд.
Боз хона месозанд, «ку-ку-ку»...
5ВШИКОРИ РӮБОҲ
Аз ин воқеа чанд сол гузашта бошад ҳам, он ҳеҷ аз хаёлам намеравад. Ҳамин ки дар бораи рӯбоҳ ҳарф занам, ё афсонаи «Рӯбоҳи ҳилагар»-ро шунавам боз он воқеаи мудҳиш пеши назарам меояд.
Ин дам мехоҳам ба одамон фаҳмонам, нидо кунам, ки ин мо
– инсонҳоем, ки рӯбоҳро ҳилагару морро газанда ва хирсро бефаҳм гуфтаем.
Он рӯзи наҳс бо дӯсти шикорчиям дар паҳнои дара мегаштем. Дар ин марғзор диққати маро бештар гулу буттаҳо, ниҳолакони зебо, чашмаҳои мусаффо мекашиданд.
Гоҳ-гоҳе ба суханҳои шикорчӣ гӯш медодаму ҳайрон мешудам. Ӯ исбот карданӣ мешуд, ки шикор кайфияту ҳаловати хосса дорад. Нав аз хамгаште мегузаштем, ки ногоҳ шикорчии рафиқам худашро паҳлӯи санги азиме руст карда, маро таъкид намуд: ин ҷо бошам...
Бинам, дуртар рӯбоҳи зардчатобе, ки қариб ба саг монанд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё