Аз пайи паланг

одамҳои бисёреро ҷавобгар кардааст. Буданд, шикорчиҳое, ки ба дасти Ҷунайд афтода оқибат суд шудаанд.
Сагро ростқавлӣ, ҷонсупории соҳиби ҷангалбонаш ҳайрон мекард. Ҷунайд метавонист соатҳои дароз дар бораи кӯҳистони диёр ҳарф занад. Саг медид, ки ҳамин поквиҷдонии Ҷунайд аст, ки бисёриҳо ба ӯ душман гаштаанд. Саг ба хотир овард, ки чӣ тавр Ҷунайд бар зидди шикорчиҳо мубориза мебурд...
Он рӯз Ҷасур аз қафои ҷангалбон медавиду гоҳ-гоҳе фукашро миёни алафҳо бурда, чизеро бӯй мекашид. Бӯи зираи навпухта, гулу гиёҳ ба димоғ мезад. Саг парвои олам надошт.
Шикамаш сер, кӯҳу пушта дар ихтиёраш... Медид, ки ҷангалбон мушаввашхотир метобад. Ба чор тараф чашм давонда, аламашро базӯр фурӯ мебарад. Саг пай мебурд, ки боз ягон шикорчӣ табъи соҳибашро хира кардааст.
Ҷангалбон яке дар ҷояш истоду саг пеш давид, қариб буд, ки Ҷасур ба меҳмони нохонда дарафтад, ки соҳибаш ӯро аз роҳ гардонд.
– Ҷасур, нарас, мон, канӣ бинам, чӣ мақсад дорад ин йигити чорпаҳлӯ...
Меҳмон мисли шикорчиҳои раҳгумзада ҳайрон монд. Аз тарси саг дар ҷояш шах шуд. Ӯ шояд ҳамин тавр, карахту беҳис боз чанд соати дигар рост меистод. Ба шарте ки ин оромиро садои фарёди ҷангалбон вайрон намекард.
– Ҳе, бачаи нағз! Ҳа? – ба сарӯ рӯи ҷавон зеҳн монд мӯйсафед.
– Не, ҳамту, ҳавохӯрӣ, – ба мӯйсафед нигоҳкунон гуфт ҷавон, ҳатто пай набурд, ки дар рӯ ба рӯяш ҷангалбон истодааст.
– Ҳавохӯрию сайр? Як худат танҳо, ҳа, ин кӯҳу адир чӣ тамошо дорад? Росташро гӯй, камонат дар куҷост?
– Чӣ хел камон? Ман камон надорам, – аз оҳанги гуфтори ҷангалбон ранҷидагӣ барин гуфт ҷавон.
– Эй бача, бо ман шӯхӣ накун. Соли якум нест, умрама дар миёни ҳамин кӯҳҳо гузарондам, мефаҳмӣ? Шумо танҳо рустӣ аз мо бо парон-парону куштори ҷонварҳои бечора машғулед.
– Ака, ин қадар шӯру мағал набардор. Канӣ асос, ки ман ҷонвареро куштаам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё