Аз пайи паланг

– Биё, Ҷасур, рафтем. Ин шикорчиҳо ҳамеша пушту паноҳ меёбанд. Онҳо парвои ҷангал, табиат надоранд. Эй, беписарҳо-е...
Баъди ин ҳодиса ба сари Ҷунайд ҳангомаҳои зиёде омад.
Борҳо аз милисаю прокуратура омада, корашро санҷиданд.
Ҳини санҷишҳо сагро рафтори тафтишгарҳо ба ҳайрат меовард. Охир, онҳо на ба зебоӣ, нақшаи кору табиат таваҷҷӯҳ доштанд, балки ҳавасашон бештар ба хӯрдану истироҳат буд.
Аз саҳар то дами бегоҳӣ мехӯрданду менӯшиданд.
Саг медид, ки соҳибаш дарунакӣ азоб мекашад, ғам мехӯрд, аммо илоҷ намеёфт. Ин дам саг ба рафтори одамҳо чӣ гуна баҳо доданашро намедонист. Ҳайрон мешуд, ки одамон ҳар хеланд, яке ростгӯй, дигаре фиребгару ҳаромхӯр, танпарвар...
Хоболуду бафурҷа шудаам, андешид саги пир, аммо аз ин маро парвое нест. Ҳоло ҳам ҳисси шунавоӣ дорам, бӯйро ҳис мекунам. Метавонам ба соҳибам то дами марг хизмат кунам.
Лекин тақдирро бин, ки омада-омада дар сари пирӣ қариб кӯр шудаам. Саг чашмонашро калонтар кушоду ба атроф нигоҳ кард.
Ҳама ҷо дар назараш торик, сип-сиёҳ тофт. Ҳай дареғ, акнун тамоман хор мешавам.
Агар мӯйсафед фаҳмад-чӣ? Наход ӯ ҳам, ки ягона пуштибонам ҳаст, ба ҳоли зорам раҳм накунад? Кӣ медонад, пиракӣ чӣ хаёле дар сар дорад? Бигузор нафаҳмад. Аз одам боварӣ нест, агар як умр хизматаш кунӣ ҳам, оқибат паси дар мемонӣ.
Саги пир бӯи соҳибашро зуд ҳис мекард, ба фарёдаш ҷавоб медод, худашро дар як дам наздаш ҳозир мекард.
Ҳоло саги пир хоб медид. Умри гузаштаашро ба ёд оварда, ҳаловат мебурд. Хотираҳо оромаш мекарданд...
Саги дами роҳ ҳалқазадаро дида, касе гумон намекард, ки ӯ хоб мебинаду боз кӯр аст. Аз ҷисми пурзахми саг баъзеҳо ҳазар доштанд. Чашмони обраву доғҳои сару гардан, мӯйи рехтаашро дида, одатан наздикаш намешуданд.
Саги пир аз ҳавлӣ баромада, сари роҳи мошингард пайдо шуд. Оҳиста-оҳиста қадам зада, хост худашро дар ҳавои кушод офтоб диҳад. Лекин боз ҳам таҳқир дид.
– Ин саги лаънатӣ аз куҷо пайдо шуд-а?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё