Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ниҳоят, уқоби пир чизе ба хотираш расидагӣ барин безобита шуд. Қанотҳояшро ҷамъ карда, овоз баровард. Аз ин овозу садои ногаҳонии уқоб каргас як қад парида, ба душманаш зеҳн монд. Аз ин ҷасорату ҳаракати тези уқоб ҳайрон шуд. Уқоби пир расми аҷдодиро ба ҷо оварда, ба парвоз омад. Рост аз сари баландӣ хеста ба дуриҳо роҳ гирифт. Бо мушкилӣ ҳам ки бошад. торафт болотар парвоз мекард. Ӯ синаи ҳаворо бо азоб дарида болҳояшро рост намуд. Дар фарози осмон бо ёрии қанотҳояш рост меистод. Охирин маротиба ба поён нигарист. Ҳоло ҳам дар дами марг дилаш ба зиндагӣ кашол буд. Лекин нафаси сарди марг ҳар замон ӯро бештар нафасгиру гулӯгир менамуд. Дар поён чашми тезбинаш ба лошахӯр афтод, дид, ки душмани азалиаш бо тӯдаи ҳаромхӯрҳо даву тоз дорад...
Хост поён парвоз карда нафаси осуда кашад, ки нохост мувозинаташро гум карду сарозер шуд. Ҷисмаш тарафи замин мерафт. Дар як дам ҷисми бемадори уқоби пир ба пояи санге бархӯрда шикасту парҳояш титу парешон шуданд. Ин дам тӯдаи лошахӯрҳо «қоғу қиғ»-кунон ба сари тӯъма омаданд. Аввал лошахӯри сиёҳи беқарор ба ҷисми афгору хунолуди уқоб минқор зад. Мурдахӯрҳои гурусна сари ҷасад талош доштанд.
Каргаси манфур устухони хунолудеро дар минқор гирифта, ба «хоидан» даромад. Устухонро базӯр фурӯ бурд, ҳис кард, ки пораҳои устухон аз гулӯяш гузашт. Аммо ба ин ҳам қаноат накард. Нафси ҳаромаш, ҳисси душманияш ҳамоно ҷӯш мезад, ки каргас ҳамҷинсонашро аз болои ҷасад ронда, худаш танҳо монд. Дигар лошахӯрҳо намедонистанд, ки барои чӣ каргаси сиёҳ мехоҳад ҷисми душмани ҷониашро танҳо хӯрад...
Лошахӯр болои ҷисми шикаставу пораи уқоб хеле истод, ҳатто, як рӯз тоқат кард. Рӯзи дуюм дид, ки мурдаи уқоби пир бӯй гирифтааст. Ин дам нафси ҳаромашро ҳавас омад, гӯё маҳз ҳамин бӯи гандидаро интизор буд, ки аз рӯи хислати азалӣ-ирсияш ба канда хӯрдани гӯшти бӯйноки уқоб шурӯъ намуд...

пешина
аз 193
навбатӣ