Аз пайи паланг

ШИҲАИ АСП
Аспи пир дар сояи чормағзи пир ҳайкал барин рост истода буд. Тӯрбаи каҳро пеши назар меовард. Хонаи зинаш набуд.
Пушташ холиву мӯйҳои ҷо-ҷо рехтааш бо нигоҳи аламдораш якояк шуда, аспро дар назар ғарибу афгор нишон медод. Аспи пир аз ҷояш намеҷунбид, танҳо аз чашмони обраваш, ки пашшаҳои хирае ба кӯки нигоҳаш бепарво менишастанд, пай бурдан мумкин буд, ки асп зинда аст. Ҷонвар нигоҳи маъюсонаашро аз шоху навдаҳои чормағз намеканд. Медид, ки муше бо ҳамон ҷуссаи хурди худ донаи калонеро поён оварданист.
Муш чормағзро бо дастчаҳои хурдаш медошту бо фукаш роҳ меҷуст.
Ранҷу азоби муш аспи пирро ба ҳайрат оварда буд. Ӯ каллаи қоқашро наҷунбонда бо ҳамон хастагӣ аз муш чашм намеканд. Аспи рамузфаҳм аз кори дунё бехабар оқибати корро интизор буд. Муш аз баландӣ истода, гоҳе ба аспи танҳо чашм медавонд. Баъд гашташро суст карда, ҳайрон-ҳайрон ба атроф нигоҳ мекард. Афсӯс мехӯрд, ки имрӯз ҳам аҳли хонавода аспро аз ёд бурдаанд. Аз саҳар боз асп бесадову овоз як ҷо ором гирифтааст. Касе ба ӯ обу алаф намедиҳад, ё ӯро тамоман фаромӯш кардаанд. Аз хонадон овози мусиқӣ ба гӯш мерасиду дар берун асп аз танҳоӣ азоб дошт.
Аммо муш дигар илоҷи фикр кардан надошт. Ӯ бояд ғами худро хӯрад. Муш боз аз пайи чормағз шуд. Ду-се донаро ба замин афтонда, охиринашро сӯрох намуда, аввал мағзи онро ботамом нӯши ҷон намуд. Баъд дохили чормағз шуда, ба замин, болои алафзор афтид.
Асп дар поён дид, ки муш аз дохили чормағз оҳистакак берун шуда, чормағзи калонеро пушт карда, таги пушта бурд.
Гумон аст, ки лонаи муш ҳамон ҷост, андешид аспи пир.
Ҷонвар ба ақлу доноии муш офарин хонд. Фаҳмид, ки муш низ барои зимистон озуқа захира мекунад, ғами ҷонашро аз ҳоло мехӯрад...
– Аммо мани пири бесоҳиби аз ёдҳо рафта чӣ кор кунам?
Магар метавонам пасмондаи алафи бӯйноки дирӯзаро бих-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё