Аз пайи паланг

мамнӯъгоҳ даст мегирифт. Аммо вай чунон муомила мекард, ки гӯё подшоҳи олам бошад. Аз чизе тарс надорад, на қонунро медонад, на қоидаро. Танҳо аз шикам меандешад, зебоӣ чист, ҳифзи обу хок чист, тасаввур надорад. Аз куҷо пайдо мешаванд чунин одамон? Гумон доранд ҳамаро бо пул мехаранду мефурӯшанд. Не, ин навбат намемонам, дар даст далел дорам.
Саид ба чормағзи бузург нигарист ва ба хотир овард, ки чӣ хел хирсбача бо очааш зери он меомад, ба танаи дарахт часпида ба шохаш мебаромад, бозӣ мекард. Он рӯзҳо ҳаво хеле тафсон буд. Чормағзҳои кӯҳӣ хеле бомазаанд. Ҳамин чормағзи сари пушта ҳар сол меваи хуб медиҳад. Бисёр ҷонварон аз он барои худ хӯрок захира мекунанд. Селаи зоғҳо, аккаю калламушҳо рӯзи дароз чормағз мекашонанд. Як бегоҳӣ вай ба чормағз наздик омада дид, ки марде дар халтааш чормағз меғундорад.
– Оё намедонӣ, ки дар мамнӯъгоҳ чидани меваю рустаниҳо манъ аст.
Мард китф дарҳам кашида бо тааҷҷуб гуфт:
– Тахмин чиҳил сол пештар мо ин ҷо зиндагӣ мекардем.
Баъд кӯчонда ба таҳдашт бурданд. Деҳаи бобоӣ гуфта омадам.
Барои савғот камтар чормағз барам гуфтам.
– Не, додар, ин чормағз хӯроки ҷонварон аст.
Мардак малул шуд, хайрухуш ҳам накард.
Ҳеҷ гап не, андешид ҷангалбон, беҳуда меранҷанд, беҳтараш, омадани хирсро интизор шавам.
Саид миёни харсангҳо пинҳон шуд. Чанде пас хирси маллаи бузург пеш-пешу хирсбача аз қафо таги дарахт пайдо шуданд. Оча бачаро болои сар бардошта ба танаи чормағз наздик бурд. Хирсбача чолок ба танаи дарахт часпид ва мисли одам боло баромад. Ҳини баромадан ягон шоху навдаро нашикаст, болои шохаи аз ҳама калон нишаста, дарахтро ҷунбонд. Ҳамин ки рӯи замин пури чормағз шуд, хирсбача боз бо ёрии оча поён фуромад. Ва ҳар ду ба чидану хӯрдани чормағз пардохтанд.
Ҳангоме ки Саид ба пуштаи Кабкрез расид, ҳоли хароби он аз банди андешаҳо берунаш кашид. Мардум онро ба чарогоҳ табдил дода буданд. Аз деҳаи ҳамсоя пинҳонӣ гову моли худ-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё