Аз пайи паланг

Акнун соҳиби мошин шудем. Лекин ба ман мошин даркор нест, зеро ҳамрози ман туӣ, Бодпо! Эй саманди зебои ман!
Бодпо ҷони тозае гирифт, мисли гул шукуфт ба пойкӯбӣ, гардантакиву чархидан даромад. Гӯё ин тантанаю ғалабаро ба соҳибаш шодбош мегуфт. Пиру барно рақсу ҷуфтзаниҳои аспро дида лаззат мебурданд...
Аспи пир бо соҳиби азизаш Файз саргузаштҳои зиёде дошт.
Аммо аз ҳама воқеаи фараҳбахш ҳамин қиссаи ба мошини сабукрав соҳиб шудани Файз буд. Ва ин лаҳзаҳоро аспи пир тезтез ба хотир меоварду худашро тасалло медод. Дар ин миён чӣ қадар рӯзҳои талху ширине гузашт. Бодпо аз зиндагияш розӣ буд. Чунки Файз то дами маргаш аспро хору зор шудан намонд. Мошини сабукравро ба писараш доду худ боре ба он савор нашуд. Бодпоро ба нафақа бароварда, сипас аз колхоз рафт. Танҳо як-ду соли охир баъди аз дунё гузаштани Файз асп бесоҳиб монд. Ӯро фаромӯш карданд. Писари Файз ваъдаҳои ба падараш додаро аз ёд баровард. Аз пайи кайфу сафо, мошинсаворӣ Бодпоро тамоман ба гӯшаи фаромӯшӣ супурд...
Тани дардманди Бодпои пир реш-реш гаштааст. Ӯ харобу лоғар шудаасту намедонад дардашро ба кӣ гӯяд. Забони гуфтор надорад, ки ба касе арз кунад. Ҳама чизро мувофиқи ақлу фаросаташ таҳлил мекард. Хаёлаш, дар дунё танҳо одамизод метавонад шоду хуррам бизияд, дигар ҷонварҳо, ҳайвонҳо ба ин ҳақ надоранд. Гӯё вазифаи ҷонварон танҳо хизмат кардан асту халос...
Имшаб низ каҳу ҷав додани Бодпо фаромӯш гашт. Дар хона фарзанди Файзи раҳматӣ кайф карда хоб буд. Дар берун, дар ҳавои кушод Бодпо зери борони майда сахт азоб дошт. Аз бесоҳибии хеш аламдор ба худ мепечид, миёнаш дуним мегашт.
Аспи пир гумон дошт, ки ақаллан пеш аз хӯрокхӯрӣ ӯро ба ёд меоранд, ё дами саҳарӣ аз ҳолаш хабар мегиранд.
Вақте ки саҳар шуд, писари Файз пеши мошин омада як ба асп нигариста ширакайф дохили мошин шуд. Боз хонаву ҳавлӣ монду аспи пири танҳо ва муши чормағзхӯр. Ин дафъа аспи пир хеле гушна монд. Бо ҳарос худро ба ҳар сӯ мезад. Ҳис мекард, ки ҳоло ҳам қуввату дармон дорад. Пойкӯбон шиҳаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё