Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

тамоми ҷумҳурӣ ҷамъ омадаанд. Ба ғолиб мошинаи сабукрав медодаанд.
– Ҳаму човандозҳои деҳаи боло, ки аспи туро чашми дидан надоранд, ҳаминҷоянд.
Баъди ин гапҳо ба дили Файз алов афтод. Ба хотир овард, ки човандозҳои деҳаи боло хеле бахилу нотавонбинанд, барои пойга шуда, аз ҳеҷ пастӣ рӯй наметобанд. О, чӣ қадар аз дасти онҳо Бодпо қамчин хӯрдааст...
Бузкашӣ оғоз ёфту Бодпо беқарор гашт. Аспи лаҳзае пеш орому нарм якбора чорхез зада, шиҳа кашид. Даҳонаш кафк паронду чароғпоя шуда наъра кашид. Бодпо шиҳакашон, гӯё болу пар бароварда миёни тӯдаи аспон давид. Фуки кафколуди ҷонвар пардаи ҳаворо дарида, соҳибашро ба тӯдаи човандозҳо расонд.
Файз аз аспаш дилпур аст, ки ба пойгаҳ наздик мешавад.
Аммо то ба буз расидан вазнин буд. Боз ҳамон човандозҳои деҳаи боло садди роҳаш гаштанд. Онҳо сари ҳар қадам аспи Файзро миёнагир карда, ба сару гардани ҷонвар мекӯфтанд.
Асп дар обу арақ ғӯта зада, тан афшонду шиҳаи бадхашмонае кашид. Сару рӯи кафколуди ҷонвар ҳолати аҷибе гирифт.
Даҳанаи зери дандонаш ғиҷирос мезад. Ёлафшону думафшон вазнашро ба қафо партофта, наъра кашид. Аспҳо гӯё тарсиданд, ки роҳаш кушода шуд. Файз ҳам аз сару гардан шаллоқи пай дар пай хўрд. Аз сӯзиши дард Файз чизеро ҳис намекард.
Як дам пас Файз бузро зери пояш гирифта ба ҳалолҷо наздик шуд. Бодпо ба сурати бод медавиду садои ҳаяҷон, таҳсину офаринҳо гӯши фалакро кар мекард. Садҳо тамошобин ба ғайрату ҳиммати Файзу аспаш мафтун гашта, фарёд мекард. Ҳине ки бузро Файз ба ҳалолҷо партофт, асп қадре ором гашт. Дар як дам нигоҳаш дигар шуд. Аз тани арақшораш ҳавр мебаромад.
Доварон ба Файз мошини нави сабукрав тӯҳфа карданду мардум шӯру валвала дошт. Аммо Файз сару гардани аспашро ҳар замон навозиш дода нидо мекард:
– Эй, дар сумат садқа, эй шарики умр, ҳамнафасу ёри вафодор. Ман аз ту умре ҳилаву найранг надидаам. Боре маро ноумед накардаӣ.

пешина
аз 193
навбатӣ