Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъд аз он гуфташ: «Биё, эй додхоҳ,
Доди худ бистон ту аз ин рўсиёҳ!
Ҳам бад-он теғаш бифармуд ў қасос,
Кай кунад макраш зи илми Ҳақ халос!
Ҳилми Ҳақ гарчи мувосоҳо кунад,
Лек чун аз ҳад бишуд, пайдо кунад.
Кушта шуд золим, ҷаҳоне зинда шуд,
Ҳар яке аз нав Худоро банда шуд.

Ин мард хоҷаи худро кушт, ҳоло барои куштани гове фарзанди ўро бозхост мекунад ва ба ин тариқ худаш парда аз рўйи ҷинояти худ бармедорад, вагарна то имрўз Худованд гуноҳи ўро дар парда нигоҳ дошта буд.
Ҳеҷ гуноҳе пўшида намемонад ва ҳеҷ хуни ноҳаққе бе қасос нахоҳад монд!

ДОСТОНИ
УСТОД ВА ШОГИРДОН

Кўдакони мактабе аз сахтгирии устоди тундхўйи худ ба танг омада буданд. Ба фикр афтоданд, ки чорае биандешанд, то чанд рўзе мактаб баста шавад. Зирактарини шогирдон гуфт:
–Бояд устод бемор шавад, то мо аз зиндону озори ў осуда шавем. Дигарон гуфтанд:
– Ин мард монанди санги хоро барҷой истодааст, ҳаргиз бемор намешавад.
Кўдаки боҳуш гуфт:
–Чора ин аст, ки ман фардо субҳ ба ў хоҳам гуфт:
–Устод чаро рангу рўятон парида? Магар, Худой накарда, бемор шудаед? Пас аз ман ҳар касе ба мадраса меояд, бояд ба навъе аз нохушӣ ва рангпаридагии ў ҳарф бизанад, то хаёли ў парешон ва таъбаш нохуш гардад. Кам-кам, воқеан, нохуш мешавад.
Ҳама рой ва тадбири ўро писандиданд.

пешина
аз 298
навбатӣ