Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ройи он кўдак бичарбид аз ҳама,
Ақли ў дар пеш мерафт аз рама.
Фардо ҳамин корро карданд. Ҳар кас устодро дид, дилсўзӣ кард ва аз нохушии ў ҷўё шуд.
Бардамид андешае з-он тифли хурд,
Пир бо сад таҷриба бўе набурд!
Устод гуфт:
–Ман нохушие надорам, беҳуда мегўед, вале исрори навомадҳо ба табъи ў кам-кам таъсир кард ва хаёлаш парешон гардид. Бадгумон шуд ва андак-андак фикри нохуше ўро машғул дошт. Оқибат бо ҳоли зор аз ҷо бархост, мактабро баст ва рў ба хона ниҳод.
Аммо кўдакон аз дунболи ў ба хонааш рафтанд ва дар роҳ дилдорӣ медоданд, ки Худованд ўро дармон хоҳад кард. Устод ба хона, ки расид, ба занаш фарёд зад, ки чаро бомдод ўро аз рангпаридагӣ хабар накардааст.
Зан гуфт:
–Ту нохуш нестӣ, ранги чеҳраат ба солим буданат шаҳодат медиҳад.
Мард гуфт:
–Ман аз беморӣ меларзам, ту мегўйӣ нохуш нестам.
Зан пеши худ гуфт:
– Ў нохуш нест, аммо агар бигўям нохуш нестӣ, намепазирад ва агар бигўям нохуш ҳастӣ, нохуш хоҳад шуд.
Фоли бад ранҷур гардонад ҳаме,
Одамиро, ки набудасташ ғаме.
Устод хобид ва кўдакон гирдогирдаш ба дарс хондан нишастанд. Кўдаки зирак оҳиста ба дигарон гуфт:
–Беҳтар аст бо садои баланд дарс бихонем, то ки моро ба хона ҷавоб диҳад.

пешина
аз 298
навбатӣ