Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ
ДАРВЕШИ КЎҲНИШИН

Гар бо ҳамаӣ, чу бе манӣ, бе ҳамаӣ,
В-ар бе ҳамаӣ, чу бо манӣ, бо ҳамаӣ!

Дарвеше дар кўҳсоре хона дошт ва дар танҳоӣ зиндагӣ мекард. На дўсте, на ҳамнишине ва на ҳамсояе.
Дар он ҷо умр ба парастиши Худои ягона мегузаронд.
Ҳар касеро Худованд барои коре сохта ва шавқу майли онро дар дил андохтааст.

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,
Майли онро дар дилаш андохтанд.
Дасту по бе майл ҷунбон кай шавад?
Хору хас бе обу боде чун равад?

Дар кўҳистон дарахтони мевадор фаровон буд.
Дарвеш аз онҳо мехўрд, аз оби гуворои чашма менўшид ва ба ибодати Худо мепардохт. Рўзе ба худ гуфт:
–Бо Парвардигор паймон мебандам, ки ҳаргиз меваи дарахтонро начинам ва ҳар чиро, ки бод ба замин резонад, мехўрам. Ва ҳамин корро ҳам кард.

Муддате бар назри худ будаш вафо,
То даромад имтиҳоноти қазо.

Дарвеш намедонист, ки ҳар назре мекунад, бояд аз Худо ёрӣ бихоҳад, зеро борҳо иродаи Парвардигор одамиро аз майлу хоҳиши худ боздоштааст.
Инсон аз сарнавишти хешу кори қазову қадар ноогоҳ аст ва намедонад, ки чӣ бар сари ў хоҳад омад.
Чашм бозу гўш бозу дом пеш,
Сўйи доме мепарад бо парри хеш.

пешина
аз 298
навбатӣ