Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Панҷ рўз гузашт, боде навазид, мевае аз дарахт ҷудо нашуд. Дарвеш аз гуруснагӣ ба ҳоли беҳушӣ афтод, аммо намехост аҳди худро бишканад. Дар поёни рўз боде вазид ва шохҳои дарахти нокро поён овард.
Гуруснагӣ бар дарвеш ғалаба кард. Пеш аз он ки нокҳо ба замин биафтанд, якеро аз шох канд.

Ҳам дар он дам гўшмоли Ҳақ расид,
Чашми ў бикшоду гўши ў кашид.

Ҳамон дам дастае аз дуздон, ки моли фаровоне дуздида буданд, ба он кўҳистон расиданд ва хостанд моли дуздиро миёни худ тақсим кунанд. Аммо посбонон пайи онҳоро гирифта, ба зудӣ ба он ҷо расиданд ва ҳамаи дуздонро дастгир карда, дарвеши бечораро ҳам ҷузъи онҳо шумурда, дастҳояшонро баста назди фармондеҳи худ бурданд. Ў ҳам фармон дод, то дастҳою пойҳои дуздонро бибуранд. Ҷаллод дасти дарвеши бадбахтро ҳам бурид. Пас, ногаҳон чашми раиси посбонон ба ў афтоду ўро шинохт. Фарёд кашид:
–Ин дарвеш марди Худост, дузд нест!

Ин фалон шайх аст аз абдоли Худо,
Дасти ўро ту чаро кардӣ ҷудо?!

Ҷаллод аз тарс ба гиря афтод ва гуфт:
–Ман ўро нашинохтам.
Пас, худро рўйи пойҳои дарвеш андохт ва дархост намуд, ки ўро бибахшад. Дарвеш гуфт:
–Осудахотир бош, зеро ту гуноҳе надорӣ. Ман ба назри худ вафо накардам ва сазоям ҳамин аст!

Гуфт: «Медонам сабаб ин нешро,
Мешиносам ман гуноҳи хешро.
Ман шикастам ҳурмати имони ў,
Пас яминам бурд додистони ў.

пешина
аз 298
навбатӣ