Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо он надим ба ҷойи ин ки аз вазир хушнуд бошад, ки ўро аз хашми шоҳ раҳонида, аз марг наҷот додааст, аз вазир озурдахотир шуд, ки чаро шафоати ўро карда ва нагузорида, ки шоҳ ўро ҷазо диҳад.
Божгуна рафту безорӣ гирифт,
Бо чунин дилдор киндорӣ гирифт.
З-ин шафеи хештан бегона шуд,
З-ин тааҷҷуб халқ дар афсона шуд.
Ки на маҷнун аст, ёрӣ чун бурид,
Аз касе, ки ҷони ўро вохарид.

Ҳамаи мардум аз ин дар шигифт шуданд, ки чӣ гуна одамӣ аз касе, ки сабаби наҷоти ў шудааст, меранҷад, магар ин ки девона шуда бошад. То ин ки як рўз дўсте ба он надим сарзаниш кард, ки расми инсонӣ нест, ки аз наҷотдиҳандаи худ биранҷад ва шукри меҳрубонии ўро ба ҷо наёварад. Ҳама мардум туро барои ин рафторат девона медонанд.
Он мард гуфт:
– Буридани дўстӣ байни ману он вазир барои ин аст, ки чаро монеи куштани ман ба дасти шоҳ шуд:

Ман нахоҳам раҳмате ҷуз захми шоҳ,
Ман нахоҳам ғайри он шаҳро паноҳ.
Ғайри шаҳро баҳри он «ло» кардаам,
Ки ба сўйи шаҳ тавалло кардаам.
Гар бибуррад ў ба қаҳри худ сарам,
Шоҳ бахшад шаст ҷони дигарам.
Кори ман сарбозиву бехешӣ аст,
Кори шоҳаншоҳи ман сарбахшӣ аст.

Ман дар баробари подшоҳи худ ҳоҷат ба воситаву
шафеъ надорам ва ба қадре сарсупурдаю ҷонфидои ў
ҳастам, ки агар ба ростӣ маро мекушт, ба фармони ў будам.

пешина
аз 298
навбатӣ