Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Эй зи ту вайрон дукону манзилам,
Чун нанолам? Чун бияфшорӣ дилам.
Ҷони ман бистон, туӣ ҷонро усул,
З-он ки бе ту гаштаам аз ҷон малул.
Ошиқам ман бар фани девонагӣ,
Серам аз фарҳангиву фарзонагӣ.

Он гоҳ нолон гуфт:
– Дигар корам ба ҷое расидааст, ки бояд пардаи шармро бидарам ва он чи дар дилам ҳаст, ошкоро бигўям.
Ҳар мавҷуде дар ҷаҳон ба чизе дилбастагӣ дорад ва бад-он қарор ёфтааст, вале:

Кор ў дорад, ки Ҳақро шуд мурид,
Баҳри кори Ў зи ҳар коре бурид.

Дигарон монанди кўдаконанд. Чанд рўз ба бозии зиндагӣ машғулу хушнуд ё ғамгин. Воқеан, кор касе дорад, ки ба дунболи Ҳақ асту ба сўйи ў менигарад ва барои кори Худованди бузург аз ҳар кори дигар рўй мегардонад.

ДОСТОНИ
ДИЛДОДАИ ХОБОЛУД ВА ДИЛДОРИ Ў

Ошиқе будаст дар айёми пеш,
Посбони аҳд андар аҳди хеш.
Солҳо дар банди васли моҳи худ,
Шоҳмоту моти шоҳаншоҳи худ.

Дар рўзгори пешин дилдодае будааст, сахт пойбанди қавлу қарори хеш. Солҳо дар пайи дилдор гашта, аз ҷустуҷў ва орзуи пайванди ў ҳеҷ гоҳ навмед намешудааст.

пешина
аз 298
навбатӣ