Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хусусияти хоси забонҳоро ба назар нагирифтан ба онҳо асос шудааст, ки забоншиносиро ба мантиқ, математика ва семиотика вобаста кунанд.
Ақидаи асосии глоссематикҳоро чунин хулоса кардан мумкин аст: 1.Забон гӯё аз системаи аломатҳои берунӣ ё ки схемаи муносибати абстракт иборат бошад. 2.Забонҳо гӯё аз рӯйи шакл монанданд ва дар тамоми замонҳову халқҳо гӯё тағйир намеёфта бошанд ва бо ин хусусияти хоси ҳар як забонро инкор мекунанд. Фарқи забонҳо ҷузъӣ ва тасодуфӣ буда, аз ин рӯ, забонҳои камаҳаммиятро ба забонҳои мувофиқ иваз кардан беҳтар аст. 3. Глоссематикҳо хешигарии забонҳоро инкор мекунанд. 4. Забон гӯё системаи пуч ва ғайриматериалии аломатҳо буда, бо тафаккур ва ҷамъият ҳеҷ гуна муносибат надорад ва ғ.
Ҷиҳати мусбати глоссематика аз инҳо иборат аст: 1.Роли ҳалкунанда бозидани назария. 2. Ҷамъбасти структураи конкретии забон. 3. Глоссематика аввалин бор забоншиносиро бо мантиқ ва семиотикаи рамзӣ алоқаманд намуд.
Елмслев забонро аз ҷамъият ҷудо намешуморад ва онро воситаи ташаккули фикру ҳиссиёт, хоҳишу ирода медонад.
Забонро чизи асосӣ барои ҷамъияти инсон мешуморад.
Албатта, ин фикрҳо дуруст ва ҷолиби диққатанд. Вале тадқиқи ҷиҳати физиологӣ ва физикии овозро пурра ба фанҳои физиологияву физика ва ё ҷиҳати психикию мантиқии аломатҳои забонро ба илмҳои психология ва мантиқ доданро таклиф мекунад, ки дуруст нест.

Лингвистикаи дескриптивии (тасвирии) Америка

Лингвистикаи дескриптивӣ ё ки тасвирии америкоӣ
солҳои 20-30 асри гузашта ба вуҷуд омадааст. Азбаски ин забоншиносон дар тадқиқотҳои худ ба принсипҳои структурӣ такя мекунанд, мактаби онҳоро низ як шохаи ҷараёни структурализм меноманд.

пешина
аз 210
навбатӣ