МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Структурализми Копенгаген ё ки глоссематика Глоссематика калимаи юнонӣ буда, аз глосса – забон гирифта шудааст. Ин яке аз шохаҳои ҷараёни структурализм мебошад, ки бар зидди назарияи фонологии «Кружоки лингвистии Прага» дар аввалҳои солҳои сиюм ба вуҷуд меояд. Намояндагони машҳури ин мактаб Виго Брёндал (1887-1942), Х.Улдалл (1907-1957) ва назариётчии он Луи Елмслев (1899-1956) мебошанд. Ба фикри онҳо, забоншиносии пештара паҳлуҳои субъективии зиёд дошт, бинобар ин онро пурра илмӣ шуморидан душвор аст.
Елмслев таъкид мекунад, ки байни мантиқшиносону лингвистҳо бояд алоқаи зич бошад. Истилоҳи глоссематика бори аввал (соли 1936) аз тарафи Елмслев кор фармуда шудааст. Ба фикри Елмслев, камбудии забоншиносии анъанавӣ он буд, ки вай асосан ба омӯзиши таърихи забонҳо ва муносибати байни онҳо машғул шуда, бештар ба ҷиҳати психологӣ, физиологӣ, сотсиологӣ ва таърихӣ диққат дода ба омӯзиши табиати худи забон эътибори дуруст намедод.
Забоншиносӣ бояд таркиби дохилӣ, доимӣ ва сохти забонро, ки хоси нутқи инсон аст, омӯзад, на ин ё он забони мушаххасро.
Яке аз мақсадҳои Елмслев ба вуҷуд овардани назарияи лингвистикаи универсалӣ буд. Ин ақидаи олим, аз як тараф, ҷиҳати материалии забонро, аз тарафи дигар, инкишофу тараққиёти онро инкор мекунад. Ин фикрҳои олим дар асарҳояш: «Забон ва нутқ» (1942), «Асосҳои назарияи лингвистика» (1943) ва «Методи таҳлили структурӣ дар лингвистика» (1950-1951) баён гардидааст. Ба фикри Елмслев, забон ганҷ ва ё дурдонаи тамомнашаванда аст.
Забон аз инсон ҷудонашаванда мебошад. Забон олотест, ки бо ёрии он инсон фикру ҳиссиёт, рӯҳия, хоҳиш, иродаву фаъолияти худро ба шакл медарорад; забон олотест, ки бо ёрии он шахс ба одамони дигар ва шахсони дигар ба ӯ таъсир мерасонанд; забон аввалин ва асоситарин заминаи ҷамъият аст, - мегӯяд Елмслев.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё