Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Забоншиносӣ ва инкишофи он дар давраи Шуравӣ Нақша:
1.Фикру ақидаи забоншиносоии шуравӣ доир ба муносибати забону тафаккур, забону ҷамъият, тараққиёти забон ва масъалаҳои дигар.
2.Марр Н.Я. ва “таълимоти нав”-и ӯ доир ба забон.
3.Мешанинов И.И. сарвари забоншиносии шуравӣ дар солҳои 30-
40 асри XIX. Фаъолияти лингвистии Шерба Л.В.
4.Саҳми Виноградов В.В. дар инкишофи забоншиносии шуравӣ.

Баланд шудани маданияти халқҳои ИҶШС, саросар саводнокшавии халқҳо, инкишофи илм, васеъ шудани ҳудуди истифодаи забони русӣ ва забонҳои миллии дигар ва соҳиби хату алифбо гардидани як қатор халқҳои канораҳои Россия дар назди забоншиносони шуравӣ вазифаҳои амалию назариявии зиёдеро мегузорад.
Баъд аз Инқилоби Октябр дар забоншиносии шуравӣ якчанд ҷараёнҳое ҷой доштанд, ки ба тадқиқи забонҳо машғул буданд. Ҳамаи ин ҷараёнҳо як мақсад доштанд, ба вуҷуд овардани забоншиносии марксистӣ-ленинӣ, вале роҳҳои ин ҷараёнҳо гуногун буд.
Карл Маркс ва Ф. Энгелс ҳанӯз моҳияти ҷамъиятӣ ва коммуникативии забонро хеле хуб қайд карда буданд:
«Забон мисли шуур қадимӣ аст. Забон амалан барои дигарон ва ба ин восита барои худ вуҷуд дорад. Забон ҳам мисли шуур аз рӯйи зарурати ҳатмии муомилот бо дигарон ба вуҷуд меояд». Маркс ва Энгелс забонро маҳсули ҷамъият шуморида, онро ҳақиқати бевоситаи фикр номидаанд.
В.И.Ленин «забонро воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон» шуморидааст.
Аз ин рӯ, забон чун восита, чун олоти тафаккур хизмат мекунад ва муносибати байни забону тафаккур ягонагии онҳоро нишон медиҳад.

пешина
аз 210
навбатӣ